Вазъ дар марз мӯътадил мебошад
- Бегоҳии рӯзи гузашта дар марзи ҷамоати деҳоти Хистеварз бо ҷониби қирғизҳо нооромӣ ба миён омад. Бар асари муноқишаҳои марзӣ мардуми минтақаи назди сарҳадӣ, аз ҷумла хонандагони мактаб – парваришгоҳи махсус барои кӯдакони ношунавои ба номи Тӯхтабой Ғаффоров ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, ҳифзи сиҳатии омма таъмин шуданд, - зикр дошт, Матлуба Ҷӯрабойзода, муовини раиси ҷамоати деҳоти Хистеварз.
– Истиқоматкунандагони назди сарҳадӣ аз ҳолати бамиёномадаи санаи 29 – уми апрел, дар марзи Хистеварз бо ҷониби қирғизҳо, изҳори нигаронӣ доштанд. Шукрона, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мақомоти маҳаллӣ ва тамоми мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ амнияти мардум ҳифз гардида, чораҷӯиҳои саривақтӣ роҳандозӣ шуданд. Аз соати 9:00 субҳи имрӯз бошад, то ҳол вазъ дар марз мӯътадил мебошад. Ҳазорҳо нафар ҷавонону мардони шуҷои касбу кори гуногун бо ҳуввияти милливу ғурури ватандорӣ барои ҳимояи марзу буми хеш назди ҷамоати деҳоти Хистеварз ҷамъ омаданд.
Мардум ҷонибдори сулҳу ваҳдат ва дӯстиву рафақати ҳамсоядорӣ мебошад. Дар ҳама ҳолат, то имрӯз мардуми мо бо ҳамсоямарз аз рӯи оини хирадмандӣ муносибат мекарданд. Хариди бозор, табобати сокинони ҳамсоямарзи қирғиз, аз бозору табобатгоҳҳои ҷамоати деҳоти Хистеварз сурат мегирифт. Ҳатто фарзандони баъзе аз қирғизҳо дар муассисаҳои таълимии мо таҳсили илм доранд. Аз ҷумла дар мактабпарваришгоҳи махсуси кӯдакони ношунавоёни Хистеварз. Дар идома низ мо мардуми сулҳпарвар ҷонибдори ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстиву рафоқатем. Беҳтарин муносибати ҳамсоядориро баҷо меоварем ва кӯшиш мекунем, ҳамин дӯсти побарҷо боқӣ бимонад, - илова намуд ӯ.