САҲА созишномаи оташбас миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро қадами дуруст номид

ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) созишномаи ошташбас миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро «қадам ба самти дуруст» номид. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, иттилои марбутаро дирӯз котиби генералии САҲА Ҳелга Шмид дар Twitter нашр намуд.

«Вазъият дар сарҳади Қирғизистон ва Тоҷикистон ташвишовар буда,  марги одамон фоҷиавист. Созишномаи дирӯза оид ба оташбас — ин қадам ба самти дуруст аст»,- омадааст дар хабар.

Вазъият дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии «Головной», ки  дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷойгир аст,  28 апрел, зимни пайдо шудани муноқиша миёни сокинони деҳаҳои наздисарҳадии ду кишвар шиддат ёфт. Баъди як рӯз миёни хизматчиёни низомии ду давлат задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, 30 апрел дар минтақаи озоди байни гузаргоҳи «Гулистон» ва гузаргоҳи «Қизил-Бел» мулоқоти гурӯҳҳои корӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.С. Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қ.Қ.Тошиев баргузор гардид. Дар натиҷа тарафҳо аз соати 13:00-и 30 апрели соли 2021 ба мувофиқа расиданд, ки хуруҷи мутақобилаи тамоми намуди неру ва техникаи ҳарбиро аз қаламравҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ оғоз намоянд, роҳҳоро кушоянд ва ҳаракати бемамониати шаҳрвандонро таъмин кунанд.

Таҳти роҳбарии фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, барои таъмини иҷрои қарордодҳои ба даст овардашуда гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд.

Қарор дода шуд, ки 1 майи соли равон дар вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор карда шавад.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.