ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТУ ШУҶОИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ САФАРБАР ШУДАНД

       Дар Амфитеатри Қасри Арбоб маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.

2200 нафар ҷавонони ватандӯсту шуҷои вилояти Суғд бо риояи анъанаҳои неки миллӣ ва гирифтани дуои падару модарон ва мӯйсафедони нуронии диёр барои адои қарзи фарзандиву шаҳрвандӣ дар макони баргузории ҳамоиши идона ҷамъ шуданд.

Дар ҳамоиши мутантану идона Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ карда, ба падару модароне, ки чунин ҷавонони далеру ҷасурро тарбия кардаанд, изҳори сипос намуд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомии мамлакат барои хизматчиёни ҳарбӣ шароити зарурӣ фароҳам овардааст. Артиши мамлакат дорои базаи моддию техникии замонавӣ буда, ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманд дар он дарси садоқату ҷавонмардӣ, ҳифзи обу хок, марзу буми Ватан ва дигар муқаддасотро азхуд мекунанд.

Тазаккур дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам беҳтар намудани шароити буду бош дар қисмҳои низомӣ тадбирҳои заруриро амалӣ карда, барои дастгирии доимии хизматчиёни ҳарбӣ чораҷӯӣ менамояд.

Итиллоъ дода шуд, ки дар нахустин рӯзи даъвати тирамоҳӣ ноҳияи Шаҳристон, ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ, Анзоб, Шамтучи ноҳияи Айнӣ, Ориён, Ошобаи ноҳияи Ашт, Ғончӣ, Яхтани ноҳияи Деваштич, Адрасмон, Сирдарё, Навгарзани шаҳри Гулистон, Зарҳалол, Сабристон, Ниҷонии шаҳри Истаравшан, Ворух, Лаккон, Чоркӯҳ, Шӯроби шаҳри Исфара, Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ, Амондара, Саразм, Шинги шаҳри Панҷакент, Сарбанд, Хуррамзамини ноҳияи Спитамен, Ҳаёти нав, Гулхона, Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.

Сипас, маросими нонгазон сурат гирифта, барои даъватшавандагон дастархони идона ороста шуд. Ҷавонон пас аз тановули хӯроки нисфирӯзӣ ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.