РАҲНАМОИ ИЛМУ МАЪРИФАТ Муборакбодии Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода ба муносибати 15 – солагии таъсисёбии рӯзномаи “Раҳбари дониш”

       Муждаи ҷашни 15 - солагии нашрияи маърифтиву фарҳангиву иттилоотии “Раҳбари дониш”-и назди шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кулли омӯзгорону мураббиён ва муштариёни сершуморро басо шоду сарфароз гардонид. Имрӯз аз фарози қуллаҳои меҳру ихлос хуб эҳсос менамоем, ки  новобаста аз печутоб ва шебу фарозҳо ин нашрияи дӯстдоштаи кормандони соҳаи маориф роҳи пуршараферо тай намуда, дар дилу дидаи садҳо мухлисон маъво гирифтааст.

      “Раҳбари дониш” дар давоми 15 сол чун минбари аҳли маорифи ноҳия баҳри ғановати маънавиёти толибилмон, омӯзгорону мураббиён рисолату вазифаи худро сарбаландона иҷро карда меояд. Маврид ба зикр аст, ки нашрия аз оғози фаъолияташ бурду бохти соҳаи маориф, ҳаёти хушу хуррамонаи кӯдакону наврасонро мавриди инъикос қарор дода, чун минбари соҳибистеъдодҳо мақом ва манзалати баландро касб намудааст. “Раҳбари дониш” дар баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти омӯзгорону мактабиён, ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, ташвиқу тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, тарбияи инсони комил, сафарбарии аҳли ҷомеа ба амалҳои хайру шоиста саҳми назаррас дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми воситаҳои ахбори умум,  хосатан рӯзномаро дар тарбияи шоистаи аҳли ҷомеа таъкид намуда, аз ҷумла таъкид доштаанд: - Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чи гуна бузург аст.

   “Раҳбари дониш”  тарғибгари анъанаю таҷрибаи пешқадами пешсафони соҳа буда, ҳар саҳифаи он пайки  нусрату шодмонӣ меоварад.   Солҳо сипарӣ мешаванд ва замоне аз таърихи маорифи ноҳия, омӯзгорни он, шахсони барӯманд, эҷодкор ёдовар мешаванд ва “Раҳбари дониш” чун оина             онҳоро пеши назар таҷаллӣ хоҳад кард...

 Ҷашни саиду фархундаро ба ҳайати эҷодию техникӣ ва кулли мухлисони сершумораш сидқан муборакбод гуфта, тандурустӣ, хонаободӣ, хомаи буррову илҳоми саршор ва  саодати рӯзгор таманно дорем.

Роҳат ҷониби фардо ҷиҳати  тасхири  дилҳо  сафед бод,” Раҳбари дониш!”- раҳнамои илму маърифат!

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.