ДИДОРБИНӢ БО СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ

    Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи Модар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳоли як қатор собиқадорони меҳнат хабар гирифта, ба онҳо саломативу саодати рӯзгорро таманно намуд. 

 

Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили собиқадорони соҳаи маориф – Муҳаббат Ҳакимова ва Билатофат Иброҳимова, инчунин собиқадори соҳаи кишоварзӣ – Муборак Абдураҳимова ташриф оварда, онҳоро бо ин ҷашни фархунда табрик гуфт.

Зимни суҳбат бо собиқадорон таъкид карда шуд, ки меҳнати тӯлонӣ ва босамари онҳо ҳамеша қадр карда мешавад ва кору пайкори насли калонсол барои ҷавонон намунаи ибрат ва боиси пайравӣ мебошад. Хизматҳои бонувони собиқадор дар рушди соҳаҳои маориф ва кишоварзӣ шоистаи таҳсину эҳтиром аст ва давлат ҳамеша чунин шахсонро қадр мекунад.

Собиқадорон аз таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори хушнудӣ намуда, миннатдории худро баён доштанд.

 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.