ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК
Қаламкашону рӯзноманигорони азиз!
Шуморо ба муносибати Рўзи матбуоти тоҷик табрик гуфта, ба фаъолияти минбаъдаи эҷодиатон муваффақиятҳо таманно менамоям.
Матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар замони муосир чун рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар таҳкими давлатдорӣ нақши назаррас дорад.
Ҳамасола бо оғози рӯзҳои баҳорӣ ва мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад.
Бо ташаббусу эҳтимоми судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар даврони соҳибистиқлолии кишвар комилан рушду такомул ёфт. Ҳамаи ширкатҳои телевизионӣ, радио, матбуот ва оҷонсиҳои иттилоотӣ аз тамоми шароиту имкониятҳои замони муосир бархурдор шуда, тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ фаъолияти густурдаро роҳандозӣ намудаанд.
Мусаллам аст, ки матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар ҳар давру замон ҳамқадами замон, ҳамдаму ҳамнафаси халқ, инъикосгари раванди пешрафти ҷомеа буду ҳаст. Ва ин рисолатро то имрўз ба шоистагӣ анҷом дода меояд.
Фазои имрӯзаи ҷомеа нишон дода истодааст, ки иттилоот барои мардум моли ниёзи аввал ба ҳисоб меравад. Ва дар ин радиф журналистика ва ё касби рӯзноманигорӣ мақоми махсусро пайдо намудааст.
Шумо - кормандони воситаҳои ахбори омма, аҳли қаламу эҷод дар татбиқи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри равнақи ормонҳои миллӣ, арзишҳои волои инсондўстӣ, ватандўстӣ, вусъати худшиносии миллӣ, тараннуми сиёсати ҳамгироӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ нақши мондагор доред. Зеро рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии аҳли ҷомеа аз фаъолияти Шумо - кормандони воситаҳои ахбори омма, махсусан матбуот вобастагии калон дорад. Имрўз ҳам мардум дар симои воситаҳои ахбори омма пуштибон ва мададгори худро мебинанд.
Аз ин лиҳоз, кормандони воситаҳои ахбори омма чун тарғибгарони ҳаёти созандаи ҷомеа дар тарбияи маънавии мардуми кишвар, ҳидоят ба меҳнати созандаву бунёдкорона масъулияти бузург доранд.
Бо дастгириву ғамхориҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумат фазои иттилоотӣ ҳамарӯза васеъ гардида, робитаи намояндагони воситаҳои ахбори омма бо сохторҳои давлатӣ ташаккул меёбанд. Бо таваҷҷӯҳу корбарии муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, имрӯзҳо нашрияҳои ноҳиявии «Парвозгоҳи бузургон», «Раҳбари дониш», радиои маҳаллии «Замон» ҷиҳати саривақт ба самъи аҳолии ноҳия расонидани хабарҳои тозаи рӯз ва муҳим фаъолияти назаррас доранд.
Боварӣ дорем, кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма чун ҳидоятгари ҷомеа минбаъд низ дар баланд бардоштани маърифату маданияти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии шаҳрвандон нақши ногузир мегузоранд ва бо сухани созанда мардумро ба пешрафту тараққиёт раҳнамун месозанд.
Бори дигар ҳамаи Шуморо бо Рўзи матбуоти тоҷик муборакбод намуда, дар ҷодаи пурифтихоратон барору комёбӣ таманно менамоям.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: Нусратулло Салимзода