ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ ҶАШНИ НАВРӮЗ-2025
Чорабинии умуминоҳиявии сокинони ноҳия дар варзишгоҳи деҳоти Исфисор бо иштироки раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон, муовини раиси вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед ва дигар меҳмонони расмӣ дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, расму оинҳои анъанавӣ, баргузории бозихои варзишии миллӣ доир карда шуд. Барномаи рангини театрикунонидашуда, ҳунарнамоии санъткорону ҳофизони номӣ ва рақсу намоишномаҳои оммавии пурмазмуну ҷаззоб пешкаши иштирокдорон гардонида шуд
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров