МУБОРАКБОДИИ РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ НУСРАТУЛЛО САЛИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
Ҳамдиёрони азиз!
Фарорасии Иди саиди Фитрро ба тамоми сокинони ноҳия самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон тандурустӣ, хонаободӣ, рӯзгори босаодат, бахту иқболи баланд ва ба кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу осоиши ҷовидонӣ орзу менамоям.
Дар раванди татбиқи сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳадафи олии сиёсати мамлакатро таъмини зиндагонии шоистаи мардуми Тоҷикистон арзёбӣ намуданд, дар арафа ва рӯзи Иди саиди Фитр анҷом додани амалҳои хайру савоб, аз қабили дастгирии моддиву маънавии ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва пиронсолону муҳтоҷон аз ҷумлаи корҳое мебошад, ки дар ҷомеаи мо ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
Дар баробари ин, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати давлату Ҳукумат дар шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои созандагию ободонӣ, аз қабили бунёди боғу токзор, таъмиру тармими мактабу кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ, беморхона, роҳу пулҳо зиёд гардида, таваҷҷуҳ ба сарфакорона истифода бурдани замин зиёд шудааст. Чунончи Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, дар шароити имрӯза, ки бар асари гармшавии иқлим ва пайомадҳои ногувори он – хушксоливу камобии паёпай бисёр кишварҳои дунё аз норасоии маводи озуқа ва болоравии нархҳо танқисиву азият мекашанд, ҷиҳати бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ, фаровонии дастархони мардум ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, истифодаи оқилонаву самараноки обу замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот аз ҳар яки мо масъулияти баланд ва заҳмати боз ҳам бештарро тақозо менамояд.
Ҳамчунин сокинони ноҳияро зарур аст, ки таъкидҳои дилсӯзонаву ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат дар раванди зиракии сиёсиву худогоҳӣ, роҳ надодан ба фирефташавии ҷавонон ба ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои манфиатҷӯи экстремистиву террористӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ободу маъмур гардонидани Ватани аҷдодиамонро бояд сармашқи фаъолияти ҳамарӯза қарор дода, мулки ободу мутараққиро ба наслҳои оянда мерос гузоранд.
Итминони комил дорам, ки сокинони сарбаланди ноҳия минбаъд низ дар рушду шукуфоӣ ва ободии Ватани маҳбубамон заҳмат кашида, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат аз ҳарвақта бештар талош меварзанд.
Бо ҳамин таманниёти нек, бори дигар, ҳамаи Шумо мардуми сарбаланди ноҳияро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик гуфта, сиҳату саломатӣ, зиндагии орому осуда, ризқу рӯзии фаровон ва иқболи нек орзу менамоям.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!