Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми хеш ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 28 декабри соли 2024 баён доштанд, бо мақсади беҳтар намудани корҳои таблиғотӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва худшиносию ватанпарастии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла муқовимат ба экстремизм ва терроризм, амалҳои коррупсионӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, никоҳи бармаҳал, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, эҳтиром ба фарҳанг ва сару либоси миллӣ, таъмини фазои одобу ахлоқи ҳамида дар ҷомеа ва дигар масъалаҳои ҷорӣ бо шумораи зиёди омӯзгорону волидон ва хонандагон дар маҷлисгоҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 10 мулоқот баргузор карда шуд.

Мулоқотро муовини Раиси ноҳия Дилором Турсунзода оғоз бахшида, оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат сухан кард.

Инчунин, дар мулоқот мудири шуъбаи маорифи ноҳия Махсуда Абдуллозода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Баҳриддин Баҳодурзода, сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Фахриддин Болтуев, сартабиби маркази саломати деҳоти Ёва иштирок иштирок ва суханронӣ карданд.

Қайд карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарӣ ва сиёсати ғамхоронаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми давлатдории навин низоми маориф ва илмро соҳаи афзалиятнок ва калидии давлат дониста, мавриди пуштибонии махсус қарор додаанд. Тайи солҳои охир барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар самти фарогирии наврасону ҷавонон ба омӯзиш, пешбурди раванди таълим ва тайёр намудани мутахассисони донищманд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҷдиди назар карда шуда, таҳияву тасдиқ гардиданд.

Имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити муасиру заруриро фароҳам овардааст, танҳо аз муҳасилин тақозо мегардад, ки барои аз худ намудани илмҳои замонавӣ сидқан талош намоянд. Ҳамчунин, масъулинро зарур меояд, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон саҳмгузор бошанд. Дар ин ҷода зарур аст, робитаи омӯзгор, волидайн ва хонанда дар муассисаҳои таълимӣ дуруст ба роҳ монда, шаванд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.