ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲИДОЯТНОМАИ ХАЛҚ БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

   
     Тибқи барқияномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 09.01.2021 дар тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат – ҳидоятномаи халқ ба сӯи фардои дурахшон» Рӯзи ягонаи ахбор ташкилу баргузор карда шуд.
Дар баргузории Рӯзи ягонаи ахбор, ки бо сокинони ҷамоати деҳоти Хистеварз доир карда шуд, аъзои гурӯҳи тарғиботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳасанова Шуҷоат, Қаюмов Саидмурод ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Халифаёр Парвиз иштирок намуданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.