ХИЗМАТРАСОНИИ БОСИФАТИ ТИББӢ МАСЪАЛАҲОИ АСОСӢ ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

     Ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки дар кишвари мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мунтазам тавсеа ва таҳким меёбад. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар тамоми шаҳру деҳоти Ватани азизамон садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ ва клиникаҳои хусусии замонавӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо тағйир ёфта истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон низ чун ҳамешагӣ ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем. Дар Паём омадааст:  “Умуман, дар 33 соли соҳибистиқлолӣ, ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуд”.

Сарвари давлат зимни суханронӣ баробари пешрафти соҳа, ҳамчунин тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ, сифати доруворӣ, истифодаи самараноки таҷҳизотҳои ҳозиразамон ва хизматрасонии босифати тиббиро аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ номиданд.

Дар Паём ҳамчунин дар бораи роҳҳои расидан ба ҳадафҳои миллӣ, дастгирии соҳибкорон, солимии ҷомеа, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занону бонувон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳамчунин таваҷҷуҳи Президенти мамлакат ба пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа – бегонапарастӣ ҳодисаҳои фоҷиаангези террористӣ, дар доираи қонун гузаронидани интихоботи навбатӣ равона гардида, дар ин самт ҳидоятҳои созанда баён доштанд. Ҷавҳари асосии Паёмро баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ташкил медиҳад ва ҳар сатри он ба ин нияти нек равона гардидааст.

Вазифаҳое, ки аз ин Паём бармеоянд, мо – кормандони соҳаи тандурустиро баҳри беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, боз ҳам мустаҳкам намудани пояи моддӣ - техникии соҳа вазифадор мекунанд.Таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат моро барои натиҷаҳои фаъолият боз ҳам дилгарм менамояд. Мо - шифокорон саъю талош меварзем, ки сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беш аз пеш баланд бардошта, барои такмил додани дониши касбии хеш пайваста кӯшиш ба кор барем. Ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд низ софдилонаю содиқона меҳнат намуда, ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон - 35 -солагиии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои сазовору арзанда истиқбол мегирем.

Наргис СУЛТОНОВА,

сартабиби Беморхонаи ноҳиявии №3,

Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.