МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ ДАР ТАТБИҚИ ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

    Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вилоят ва ноҳия дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масъулони Комиссияи ноҳиявӣ ва вилоятӣ бо кормандони Ҷамоат ва котибону коргузорони ташкилоту муассисаҳои деҳоти Ёва оид ба риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломати китобат дар коргузории расмӣ ва матни навиштаҷоти шиору овезаҳо машварати дастурдиҳӣ доир намуданд.

Дар оғоз котиби Комиссияи ноҳиявии амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парвиз Халифаёр дар заминаи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳтироми забони давлатӣ суханронӣ намуда, ҳадафҳои баргузории машваратро шарҳу тавзеҳ дод.

Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров оид ба масъалаҳои тақвиятбахшии фаъолияти комиссияҳои шаҳриву ноҳиявии вилоят дар самти риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид намуд, ки бо вуҷуди анҷом додани корҳои назаррас камбудиҳои зиёд мушоҳида мешаванд ва баҳри ҳадафрас таъмин намудани нақшаҳои пешбинишуда дар сатҳи шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо низ комиссияҳои махсус ва шахсони масъул бояд фаъолияти доимиву самаранокро роҳандозӣ намоянд.

Узви Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вилояти Суғд, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Карим Шариф дар мисоли камбудиҳои ҷойдошта ва маъмуле, ки дар коргузории расмӣ ва матни навиштаҷоти шиору овезаҳо ба назар мерасанд, Қоидаҳои имлои забони тоҷикиӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикиро муфассал шарҳу тавзеҳ дода, таъкид намуд, ки ин ҳуҷҷат бояд дастури рӯимизии ҳар нафар иштирокчии машварат бошад. Дар ин раванд Халифаёр Парвиз оид ба риоя шудани талаботи «Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рафти ҳуҷҷатнигорӣ тавсияҳои мухтасар баён намуд.

Иштирокдорон бо пешниҳои саволҳои бисёр ва мисолҳо аз таҷрибаи корӣ дар раванди ҳуҷҷатнигорию коргузорӣ, аз баргузории машварати судманд изҳорӣ қаноатмандии хуро баён намуданд.

 Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.