ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲАМЕШАГИИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ

    Боиси ифтихор ва сарфарозии мо сокинони сарбаланди кишвар аст, ки ҳамасола дар арафаи соли нави мелодӣ Паёми  Пешвои миллат ба кулли мардуми кишвар ботантана ироа мегардад.
Ҳар як Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле пурмуҳтавою фарогир буда, воқеияти замон, моҳияту аҳамияти ҳаводиси гуногунро, ки дар ҳаёти мамлакат ба вуқӯъ пайвастанд, чун оина равшану возеҳ инъикос менамояд. Дар Паёми хеш Пешвои миллат ба масъалаҳои мубрами айём, чун тақвияти муносибатҳои дӯстонаи давлатҳо, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, тадбирандешӣ нисбат ба рушди соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа низ дахл карда, мулоҳизоти пурдалелу муфиди худро баён менамоянд.
Хурсандиовар он аст, ки масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ин навбат низ аз мадди назари Сарвари давлат дур намонд . Дар ҳақиқат, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.
Пешвои миллат бори дигар қайд намуданд, ки дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.
Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.
Инчунин, Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки тибқи маълумотҳои оморӣ ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.
Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд.
Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.
Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоду боварӣ доранд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, дар ҳамаи сатмҳои ҷомеа, барои пешрафт ва шукуфоии давлат саҳмгузор бошем.
Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.