Мулоқоти навбатии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидӣ Дилафрӯз Раббизода бо интихобкунандагон
Дар идомаи баргузории мулоқоти номзадҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида, дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мулоқоти навбатии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидӣ Дилафрӯз Раббизода бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар мулоқот Ҷӯразода Муродҷон – раиси ҳавзаи интихоботии “Бобоҷон Ғафуров №14”, Саидӣ Дилафрӯз Раббизода – номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии “Бобоҷон Ғафуров №14”, дотсенти кафедраи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Акпархоҷаева Сайёрахон – раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, иштирок доштанд..
Мулоқотро раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии “Бобоҷон Ғафуров №14” Ҷӯразода Муродҷон ифтитоҳ намуд. Шахсони боъэтимоди номзадҳо оид барномаи пешазинтихоботии номзадҳо суханронӣ намуданд.
Номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар баромади худ, бо такя ба Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар Анҷумани XV ҲХДТ қабул гардидааст, барномаи пешазинтихоботии худро таҳти шиори "Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!" ироа кард.
Бо таъкиди муҳимтарин нуктаҳои барномаи худ, Саидӣ Дилафрӯз Раббизода қайд намуд: “Бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, ки ҳадафи асосии ман аст, сиёсати Пешвои Миллатро пайгирӣ намуда, барои беҳтар шудани зиндагии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон саҳм мегузорам, зеро таҷрибаи Пешвои Миллат барои ман намунаи ибрат аст”.
Шахси боэътимоди номзад, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Саидов Саидумрон, дар бораи фаъолияти кории Дилафрӯз Саидӣ, натиҷаҳо ва дастовардҳои илмии ӯ маълумот дод.
Дар интиҳо, Абдуллозода Мақсуда – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Юлдошев Рустам - устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Султонова Наргиза – омӯзгори мактаб-интернати ноҳия дар музокираҳо баромад карда, изҳори боварӣ намуданд, ки дар интихобот фаъолона иштирок карда, ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд.
Дар охир, ба интихобкунандагон варақаҳои таблиғотӣ ва барномаи пешазинтихоботии номзадҳо тақсим карда шуд.