МАРОМИ МО: ФАРҲАНГИ БАЛАНДӢ ҲАМСОЯДОРӢ
Бо мақсади эҳтирому арҷгузорӣ ба оини ҳамсоядорӣ, баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар муносибатҳои дӯстона, фарҳанги баланди миллӣ, бо кишвари ҳамсояи Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавриди дар сатҳи зарурӣ риоя шудани муносибатҳои байнидавлатӣ мулоқоти тарғиботӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони деҳаи наздисарҳадии Овчии деҳоти Овчиқалъача бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Акбар Юсуфӣ, сардори шуъбаи №2-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ҷ. Зубайрзода, сардори дидбонгоҳи сарҳадии 0214 Ободзода ва раиси Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача Алишер Ҳайдаров баргузор карда шуд.
Дар мулоқот аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои хориҷа, махсусан давлатҳои ҳамсарҳад, фарҳанги баландӣ ҳамсоядорӣ ибрози назар шуд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров