ВАО -ТАРҒИБГАРИ ҲАЁТИ СОЗАНДАИ ҶОМЕА

11 - март Рӯзи матбуоти тоҷик  

    Матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар замони муосир чун рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар таҳкими давлатдорӣ нақши назаррас дорад.

Ҳамасола бо оғози рӯзҳои баҳорӣ ва мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад.

Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров "Дар бораи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик" дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамоиши идонаи кормандони соҳаи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма баргузор карда шуд.

Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода таманиёти идонаи раиси ноҳия Салимзода Нусратуллоро қироат намуд. Раиси созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳом Ҷамолиён, Ӯғулой Қосидова, сармуҳаррири "Парвозгоҳи бузургон", нашрияи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Марҳабо Орипова, сармуҳаррири нашрияи соҳавии шуъбаи маорифи ноҳия "Раҳбари дониш", хабарнигори русзабони нашрияҳои ноҳиявӣ Линура Мустафаева ҳамкорону ҳамкасбони худро табрик намуда, аз таваҷҷӯҳи роҳбарияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ изҳори сипосмандӣ баён намуданд. Таъкид гардид, ки бо ташаббусу эҳтимоми судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар даврони соҳибистиқлолии кишвар комилан рушду такомул ёфт. Ҳамаи ширкатҳои телевизионӣ, радио, матбуот ва оҷонсиҳои иттилоотӣ аз тамоми шароиту имкониятҳои замони муосир бархурдор шуда, тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ фаъолияти густурдаро роҳандозӣ намудаанд.

Мусаллам аст, ки матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар ҳар давру замон ҳамқадами замон, ҳамдаму ҳамнафаси халқ, инъикосгари раванди пешрафти ҷомеа буду ҳаст. Ва ин рисолатро то имрўз ба шоистагӣ анҷом дода меояд.

Дар ин рӯз тибқи қарори Раиси ноҳия 8 нафар бо Сипосномаҳо ва ҳамаи иштирокдорони чорабинӣ бо тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон дар вазъияти тантанавӣ ба шаш нафар қаламкашони ноҳия Шаҳодатномаҳои узвият ба созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон супорида шуд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.