МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА ЯКЕ АЗ СОХТОРҲОИ МУҲИМИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРӢ
Мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, дар таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи Истиқлолу соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши намоён дорад.
Ба муносибати иди касбии кормандони прокуратура муовини якуми Раиси ноҳия Абдуаҳад Ҳакимзода кормандони ин ниҳодро аз номи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода ба муносибати иди касбӣ табрик намуд.
Инчунин изҳори қаноатмандӣ намуд, ки кормандони Прокуратура иҷрои вазифаҳои мураккаби дар наздашон гузошташударо сарбаландона иҷро намуда, баҳри сазовори боварии халқ гардидан, фаъолияти фидокоронаашонро дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда истодаанд.
Дар охир чанде аз кормандони фаъоли ин ниҳоди қудратӣ дар ноҳия бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қадрдонӣ карда шуданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.