Ифтитоҳи хатсайри Бишкек-Хуҷанд-Бишкек ва ташрифи ҳайати меҳмонон аз Қирғизистон
Нимаи дуюми рӯзи 16 март ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ҳавопаймои ширкати "Асман Эйрлайнс"-и Қирғизистон фуруд омад ва хатсайри Бишкек-Хуҷанд-Бишкек фаъол шуд.
Хатсайри мазкур бо мақсади густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, сайёҳӣ ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва бо сиёсати оқилонаи сарони давлатҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров роҳандозӣ шудааст.
Ҳайати нахустини мусофиронро, ки иборат аз намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО), блогнависон ва шахсони расмӣ буданд, роҳбарияти вилоят дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо самимият истиқбол гирифтанд. Боздиди меҳмонон аз худи фурудгоҳ оғоз ёфт.
Сипас, меҳмонон аз осоишгоҳи машҳури "Баҳористон", воқеъ дар соҳили Баҳри тоҷик, дидан намуданд. Онҳо бо инфрасохтори осоишгоҳ, шароити мавҷуда ва табиати нотакрори соҳили баҳр шинос шуданд.
Сафари ҳайат идома ёфта, меҳмонон ба яке аз муҳимтарин ёдгориҳои таърихии вилояти Суғд – Қалъаи Хуҷанд ташриф оварданд. Ин қалъаи бостонӣ таърихи зиёда аз 2500 сола дошта, яке аз рамзҳои муҳими фарҳангии шаҳри Хуҷанд ба шумор меравад. Меҳмонон аз осорхонаи қалъа боздид карда, бо таърихи қадимаи миллати тоҷик шинос шуданд.
Баъдан, меҳмонон ба Қасри таърихии Арбоб, ташриф оварда, аз толорҳои таърихӣ, боғи зебои шафати қаср боздид намуданд.
Хатсайри нави Бишкек-Хуҷанд-Бишкек ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сайёҳии ду кишвар мусоидат карда, имкониятҳои навро баҳри таҳкими ҳамкориҳо фароҳам меорад.
Бознашр аз саҳ. sugd.tj