ШАБАКАҲОИ ИҶИМОӢ ВА ХАТАРИ ИНҚИЛОБҲОИ МУОСИР
Дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилона ва фаври истифода шудан ғолибияти ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд. Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, дар шабакаҳои иҷтимои татбиқи сиёсати дугонаро низ мушоҳида намудан мумкин аст. Барои мисол, як қатор давлатҳо шабакаҳои иҷтимоии YouTube, Facebook, Twitter, Instagram ва чанде дигаронро уҳдадор кардаанд, ки ҳама гуна иттилооти хусусияти террористию экстремистидоштаро дар муддати кутоҳ аз саҳифаҳои худ тоза намоянд. Бояд донист, ки ин талабот нисбат ба давлатҳои абарқудрат, пуштибонони ширкатҳои технологи ва шарикони стратегии онҳо татбиқ шуда истодааст. Шоҳидем, ки дар муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарўза даҳҳо видеоролику матолиби экстремистию террористи дар чунин шабакаҳо пахшу нашр мешаванд, аммо дар робита ба ин моликони шабакаҳои иҷтимои бетафовутанд. Нақши шабакаҳои иҷтимои дар ташкили ҳаракатҳои эътирози соли 2011, замоне, ки мавҷи инқилобҳо кишварҳои арабиро фаро гирифта буд, баръало эҳсос мешуд. Он замон шабакаҳои иҷтимоии «Twitter» ва «Facebook» ба эътирозгарон имкон доданд, ки фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд ва одамони зиёдро ба эътироз даъват намоянд. Чунин вазъиятро таҳлилгарон инқилоби интернети ва баъзан «инқилоби твиттери» ё «инқилоби фейсбуки» номида буданд.