Ба ифтихори 29 –умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Рӯзи сарҳадбонони тоҷик Нусратулло Салимзода, Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба қисми ҳарбии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки дар ҳудуди ноҳия воқеъ мебошад, ташриф оварда, афсарону сарбозони қӯшунҳои сарҳадиро ба муносибати Рӯзи сарҳадбонони тоҷик муборакбод намуд.
Таъкид гардид, ки 28 –уми майи соли 1994 дар сохтори мақомоти амнияти кишвар бо мақсади таъмин намудани назорати сарҳади давлатӣ ва пешгирии воридшавии ҳамагуна унсурҳои террорристиву экстремистӣ, ҳамчунин қӯчоқи маводи мухаддир Қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис дода шуданд. Аз он рӯз эътиборан ҳамасола ин санаи таърихӣ ҳамчун Рӯзи сарҳадбонони тоҷик дар қаламрави кишвар қайд карда мешавад.
- Имрӯзҳо дар қаламрави ноҳия дар қатори дигар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қисми ҳарбии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолияти назаррас дошта, онҳо дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафти кишварамон саҳми арзишманд мегузоранд. Ҳоло Қӯшунҳои сарҳадии мо ба як сохтори аз лиҳози техникӣ муҷаҳҳазу муосир, сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми кишвар табдил ёфта, он яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо борҳо қайд намудаанд, ки «…мо бо сарҳадбонони худ ифтихор менамоем, зеро онҳо марзу буми сарзамини, яъне амнияту суботи давлат ва оромию осоиши ҷомеаро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таъмин карда истодаанд.» Боварӣ дорам, ки сарҳадбонони мо минбаъд низ ба хотири ҳифзи амният ва осоишу оромии марзҳои муқаддаси давлатӣ ва мардуми шарифи он бо ҳушёриву зиракӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ кӯшиш менамоянд, - илова намуд, Раиси ноҳия.
Дар чорабинии тантанавӣ Анвар Яқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд, иштирок намуда, Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба афсарону сарбозон ва кулли сарҳадчиён расонид. Ҳамзамон дар ин тантана дигар роҳбарони Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ иштирок намуданд.
Дар ин рӯз чанд нафар пешсафони соҳа бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қадрдонӣ гардиданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров