НАҚШИ ОИЛА ДАР ПЕШГИРИИ ХУРОФОТПАРАСТИ
Оила дар пешгирии зуҳуроти хуруфотпарасти нақши калиди дорад, зеро он нахустин мактабест, ки хишти аввали тарбия маҳз дар он ҷо гузошта мешавад ва агар ин хишт ибтидо каҷ гузошта шавад, то ба охир девори он каҷ хоҳад шуд. Дар ин самт, пеш аз ҳама, волидон бояд, ки нисбат ба раванди тарбияи фарзандон бетафовут набуда, бо онҳо кор баранд, то ки онҳо сараро аз носара фарқ карда тавонанд. Воқеан, хурофот чист ва чаро бояд аз он канораҷўи кард?
Аз нуқтаи назари таълимоти дини, хурофот зуҳуротест, ки аз доираи дин берун аст. Хурофот дар аксари маврид мардумро ба худ гирифтор сохта, барои ба таври пайваста баланд ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо монеаи ҷидди эҷод мекунад. Дар мавриди хурофот баёни андешаҳо, фирку мулоҳизаҳо гуногунанд ва дар заминаи муқоисаи андешаҳои дар боби он баёншуда, мафҳуми хурофотро чунин шарҳ додан мумкин аст: “Хурофот силсилаи бовариҳо ва ақидаҳо оид ба ин ё он мавзўи хосеро меноманд, ки дар зеҳни ин ё он гурўҳи муайян, бо сабаби дар бораи он мавзўъ дониши кофи надоштанашон шакл мегирад”.