Шиносоӣ бо фаъолияти боғдорони Кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, дар Кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов, ки кишоварзонаш дар истифодаи самараноку оқилонаи замин ва парвариши зироату истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ доранду ҳамасола дар фаровонии бозори истеъмолӣ саҳми назаррасу шоиста мегузоранд, бо раванди бунёди боғҳои нав шинос шуданд.
Ифтитоҳи токзори хавозавӣ дар “Боғи миллии Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” ба бунёди токзори хавозавӣ, ки барои парвариши 4 намуди ангур пешбинӣ шудааст, оғоз бахшиданд.
Рӯзҳои 21-22 март дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тантанаҳои наврӯзӣ доир мегардад
Рӯзҳои 21-22 март дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тантанаҳои идона ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз баргузор мегардад.
Дар доираи баргузории Иди байналмилалии Наврӯз дар маркази шаҳру ноҳияҳо, гулгашт ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ ташкили сайру гашти оммавӣ, барномаҳои фарҳангии ҳунармандон, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, гузаронидани бозиҳои миллӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Муборакбодии и.в Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода ба муносибати Иди Наврўз -2023
Ҳамдиёрони азиз!
Имрўзҳо дар саросари кишвари мо бо фаро расидани фасли гулу эҳёи табиат соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёди тоҷик - Наврўзи Аҷам таҷлил мегардад.
Кулли сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тамоми ҳамдиёрони азизамонро бо фарорасии иди бостонии Наврўз, ки воқеан соли нави мардуми мо мебошад, самимона табрик гуфта, хуррамиву сарсабзии наврўзӣ, баҳори неку файзбор, тандурустиву саодати рўзгор ва муваффақияту комёбиҳо орзу менамоям.