ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲАМЕШАГИИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2024” баргузор гардид.
Ғолибон бо қарори комиссияи озмуни вилоятӣ аз 20 сентябри соли 2024 дар асоси нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими корҳои бунёдкориву созандагӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон, инчунин тарбияи ҳисси ватандўстӣ, хештаншиносӣ, зебоипарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз анъанаҳои миллӣ муайян карда шуданд.
Дар бахши “Хонаи истиқоматии беҳтарин” ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм насиби хонаи истиқоматии Сайфулло Ҳабибуллоев-сокини маҳаллаи Масҷиди Саври шаҳри Хуҷанд, хонаи истиқоматии Аҳрор Камолов-сокини деҳоти Лангари ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, хонаи истиқоматии Хайрулло Анорқулов - сокини шаҳри Истиқлол гардид.
Дар бахши “Маҳаллаи беҳтарин” маҳаллаи “Азизобод”-и шаҳри Панҷакент, маҳаллаи “Машъал”-и шаҳри Бўстон, маҳаллаи ба номи Абдураҳим Ғозибекови ноҳияи Шаҳристон, дар бахши “Деҳаи беҳтарин” деҳаи Равғангарони шаҳри Истаравшан, деҳаи Қўрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, деҳаи Метари ноҳияи Спитамен, дар бахши “Деҳоти беҳтарин” деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ, деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт, деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара, дар бахши “Шаҳраки беҳтарин” шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич, шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод мутаносибан ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст оварданд.
Дар бахши “Ноҳияи беҳтарин” ноҳияи Ашт соҳиби ҷойи аввал, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷои дуюм ва ноҳияи Спитамен соҳиби ҷои сеюм шуд.
Дар бахши “Шаҳри беҳтарин” ҷои якум насиби шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюм насиби шаҳри Истаравшан ва ҷои сеюм насиби шаҳри Конибодом шуд.
Ба ғолибони озмун аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода диплому мукофотҳои пулӣ супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
Дар маҷлисгоҳи шуъбаи фарҳанги маркази ноҳия маҷлиси фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2024 таҳти раёсати раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода, намояндаи вобасташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ахмедов Шарифҷон баргузор гардид.
Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2024 маърӯзаи муовини якуми раиси ноҳия Ҳакимзода Ҳомидҷон шунида шуд.
Дар ин асос раиси ноҳия Нусратулло Салимзода камбудиву норасоиҳои соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, иқтисоду савдо, иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг, тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар соҳаҳоро таҳлил намуда, ба масъулон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва раисони ҷамоатҳо дастуру супоришҳо баён намуд.
Намояндагони вобасташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ дар заминаи Паёми навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақшаҳои минбаъдаи фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру тавсияҳо баён намуданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |