МАСЪАЛАҲОИ НИГАРОНКУНАНДА БАРРАСӢ ШУДАНД
Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ оид ба эълон гардидани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқи муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Юсуфӣ А.М. бо сокионон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов мулоқот доир намуд.
Таъкид гардид, ки дар ҷаҳоне, ки фазояш зудтағйирёбандаасту ҳамарӯза дар гӯшае аз он амалҳои ғайриқонуниву ғайриинсонӣ рух медиҳад, ҳифз намудани давлату миллат аз ҳар гуна хатарҳои геополитикӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд масъулияти басо мушкилу мураккаб аст. Ҳамин аст, ки дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ, танзими ҳуқуқии паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва давлат мебошанд, қабул гардидаанд.
Дар ҷаҳони имрӯз дар баробари терроризму эстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои геополитикӣ, савдои одамон низ мушкилоти нигаронкунанда мебошад. Масъалаҳои марбут ба савдои одамон дар шароити имрӯза таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад, зеро он ҳамчун зуҳуроти манфӣ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи инсонӣ зарари ҷуброннопазир мерасонад.
Дар ин марҳила, гӯруҳҳое фаъоланд, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳо имрӯз низ идеяҳои ҷинояткоронаро бо роҳи фирефтасозӣ дар афкори мардум ҷой доданӣ мешаванд. Маҳз, дониши баланди сиёсӣ, маърифати ҳукуқӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва огоҳ будан аз равандҳои ҷаҳонӣ, ки дар маҷмуъ зиракии сиёсӣ мебахшад, метавонад хатари ба доми ҳар гуна идеяҳои номатлуб афтоданро коҳиш диҳад.
Дар раванди имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки ҳама гуна андешаву идеология метавонад ба ҳаёти ҳар фард таъсири манфӣ расонад, танҳо бо такя ба имконоту иқтидори давлат ва иродаи мустаҳками мардум, метавон пеши ҷараёнҳои номатлуб ва амалӣ шудани нақшаҳои нопоки гурӯҳҳои ҷиноятпешаро гирифт.