МУҲИМТАРИН РУКНИ МУҚОВИМАТ БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ
Дар замони ҷаҳонишавӣ раванди таъсиррасонии омилҳои байналмиллалӣ,аз қабили робитаҳои иқтисодӣ,сиёсӣ,фарҳангӣ,иттилоотӣ ба ҳаёти иҷтимоии ҳар як кишвари алоҳида маҳсуб мебошад.Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид гашта,дар шароити мураккаб ва пуртазодди ҷаҳонӣ саъю кӯшишу хешро баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлол равона намудааст.
Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроти номатлубаш ҳамчун вабои хатарнок доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, зарурати дарки амиқ ва пешгирии ҳамаҷонибаро талаб менамояд.
Афзоиши зуҳуроти терроризми байналмилалӣ дар манотиқи мухталифи сайёраи мо боиси афзоиши назаррасӣ таблиғот ва интишори ғояҳои террористӣ, ҷалби ҷонибдорон ва ташкили экстремизм ва терроризми иттилоотӣ гардидааст. Воситаи асосии чунин фаъолияти харобиовар имкониятҳои ҳамеша нави воситаҳои интиқоли иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Дар даҳсолаи охир мисолҳои таблиғи ифродгароӣ ва терроризм дар интернет мушоҳида мешавад, ки ҳеҷ марзу бум надорад.
Бояд гуфт, ки дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамалакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ба иқтисодиёти кишваоҳо расонида шуда ба миллиардҳо доллар мерасад.
Яке аз роҳҳои муосире, ки ақидаҳои мардумфиребонаи ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ тавассути онҳо паҳн гардида, ба амнияти кишвар хатар эҷод менамояд, ин дастрасии умумии иттилоот дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Иттилоотии ҳадафмандонаи созмонҳои ифродгаро, бар зидди якпорчагии давлат, сохтори конститутсионӣ ва ҳамбастагии миллат равона гардида, оқибат ба содир намудани амалҳои террористӣ аз ҷониби шахсони кундфаҳму кӯтоҳандеш мегардад, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,мӯҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ҳамеша зимни иродаи Паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониҳояшон дар мулоқотҳои ҷудогона оид ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳори назар менамоянд.
Дар ин раванди набардҳои иттилоотӣ, ки ҷиҳати нооромии кишварҳо равона шудааст,баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии шаҳрвандон,пешгирии пайравии ҷавонони сустиродаву гумроҳ ба ақидаҳои террористиву экстремистӣ , баланд бардоштани ҳисси зиракии сиёсии ҷавонон , таъмини амнияти иттилоотӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим дар назди ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб рафта,кишвари моро ҳамчун низоми давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ ҳифз мекунад ва арзишҳои миллию таърихии кишвари моро барои ҳазорсолаҳои оянда солиму ҷовидон нигоҳ медорад.
Аъзои фаъоли ҳизб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.