ТАМОШОИ САРБОЗОН АЗ ОСОРХОНАИ ҶУМҲУРИЯВИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

 

Дар доираи нақша - чорабиниҳои якҷояи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба солгарди таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ аз санаи 27 то 29 августи соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд ҳамоиши сарбозони ятими кулл аз ҳисоби қисмҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташкил ва баргузор гардид.

Дар доираи баргузории ҳамоиш конфронсу мизҳои мудаввар, мулоқоту вохӯрӣ, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва сайёҳат аз мавзеъи таърихии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд доир карда шуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, таҳкими ҳуввияти миллӣ, шиносоии хизматчиёни ҳарбӣ ва ба ҷо овардани қадршиносии сарбозон дар сафи Артиши миллӣ мебошад.

Имрӯз иштирокдорони ҳамоиш аз Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, сипосмандии самимии худро ба роҳбарият ва кормандони Осорхона барои ташкили сӯҳбату муарифномаи пурмазмун, ки ба ҳаёту фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шуда буд, баён намуданд.

Дар рафти баргузории чорабинӣ Генерал-майор, Раҳимзода Музаффар - муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳимзода Амир - сардори Раёсати тарбияи ватандӯстии дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва кормандони Осорхона иштирок намуданд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.