ХУШҲОЛИИ КӮДАКОН САОДАТИ ДАВЛАТ АСТ

Дар тарабхонаи “Гулистон”- и ҷамоати деҳоти Хистеварз бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.  Дилором Турсунзода, муовини Раиси ноҳия бо сухани муқаддимавӣ кулли кӯдакону наврасонро бо ин рӯзи шодиву нишот муборакбод намуда, Паёми табрикии раиси ноҳия Нусратулло Салимзодаро ба саъми ҳозирин расонид. Ҳамчунин дар чорабинӣ Амирҷон Анварзода, Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Манзура Олимова, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, Матлуба Ҷӯрабоева, раиси ҷамоати деҳоти Хистеварз ва дигар намояндагон иштирок доштанд.

Дар ин рӯз  ба 100 нафар кӯдакони ятим ва маъюб дастурхони идона ороста шуда, туҳфаи яквақтинаи Раиси ноҳия супорида шуд. Дар як навбат наврасон изҳори сипосмандии хешро ба давлату ҳукумат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғду ноҳияи Бобоҷон Ғафуров расониданд.

Кибриё Исобоева, хабарнигори “Хуҷанд”

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.