ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ
Дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 2023 баргузор гардид.
Аз фаъолияти Шӯрои ноҳиявӣ муовини раиси Шӯрои ноҳиявӣ Мастура Комилӣ ҳисобот дод. Бино ба гуфти ӯ дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Шӯрои ноҳиявӣ ва фаъолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия корҳои муайян ба ҷо оварда шудааст. Доир ба фаъолияти Шӯрои ноҳиявӣ раиси Шӯрои куҳансолони Шӯрои вилоятӣ Қобилҷон Усмонов фикру мулоҳизаи худро баён дошта дар баробари дастовардҳо камбудиҳоро дар фаъолияти Шӯрои ноҳиявӣ, хоса дар самти дафтардорӣ баён кард. Дар охир як зумра аъзои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия барои фаъолияти назаррас дар соли 2023 бо Сипосномаи Шӯрои марказии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Шӯрои вилоятии Ҳаракат қадршиносӣ карда шуданд.