МАКТАБИ ВАТАНДОРӢ, САДОҚАТ БА ХАЛҚИ ХУД

Санаи 15-уми феврал ҳамасола чун рўзи ҷанговарони интернатсионалист дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Аз он рўзе, ки сарбозону афсарони қӯшунҳои маҳдуди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Шўравӣ аз хоки Афғонистон бароварда шуданд, 32 сол гузашт. Ҷанге, ки дар Афғонистон аскарону афсарони Шўравӣ дар он ширкат варзиданд, даҳ сол давом кард ва боиси қаҳрамонию шуҷоати ҳазорон нафар сарбозони далери Иттифоқи Шўравӣ гардид.

Ҳарчанд, ки аз он рўзҳо солҳо гузашта бошад ҳам, хотираи қаҳрамониву шуҷоати онҳо аз дилу дидаи мардум дур намеравад. Дар он солҳо ҷавонмардони тоҷик низ баҳри адо намудани қарзи интернатсиолистии худ дар муҳорибаҳои ҷанги Афғонистон ҷони худро фидо карданд, ки боиси ифтихор аст.

 

Ба ин муносибат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабинии хотирмон баргузор гардид. Чорабинӣ бо маросими гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи лавҳаи ёдгорӣ, ки барои гиромидошти хотираи неки шаҳидони ҷанговар - интернатсионалист дар боғи «Ғалаба»-и шаҳраки Ғафуров гузошта шудааст, оғоз гардид. 

Сипас, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Зафарбек Давлатзода ҷанговар - интернатсионалистонро бо ин санаи таърихӣ муборакбод намуда, афзуд ки аз соли 1979 - то соли 1989 сарбозону афсарони Тоҷикистон дар қатори дигар диловарони давлатҳои Иттифоқи Шeравӣ, қарзи байналмилалии худро дар марзи Афғонистон шоиста ба иҷро расонидаанд. Барои ҳар яки онҳо хизмат дар Афғонистон мактаби ватандорӣ, садоқат ба халқи худ буд. Онҳо бо матонату диловарӣ, ҳисси баланди ватанпарастӣ қарзи фарзандии хешро дар назди Модар - Ватан сарбаландона ба иҷро расонидаанд.

Таъкид гардид, ки аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ 454 нафар ҷавонон барои адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба марзи Афғонистон сафарбар гардида, аз онҳо 5 нафар маъюб, 6 нафар захмӣ, 16 нафар сарбозон ба ҳалокат расидаанд, ки номи некашон ҷовидонист.

Ҳамзамон Раиси Шӯрои ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи собиқадорони ҷанги Афғонистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дорандаи ордени "Шараф" Ҳасан Каримов ба сухан баромада, аз саҳми ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи тавоно дар бедор намудани ҳисси ватандeстии ҷавонон, ҳуввияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ибрози андеша намуда, ба ҳамяроқонаш бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ саломативу сарбаландӣ таманно намуд.

Чорабинӣ бо супоридани Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ хубу хотирмон анҷом пазируфт.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.