Иҷтимоиёт

Дар Хуҷанд Форуми занони Тоҷикистону Чин оғоз гардид

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Форуми занони Тоҷикистону Чин таҳти унвони «Ҳамкории занон дар чаҳорчӯбаи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» ба кори худ оғоз намуд.

Форум бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, меҳмонони олиқадри Ҷумҳурии Мардумии Чин, фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар Театри давлатии Камоли Хуҷандии вилояти Суғд оғоз гардид.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми намоён дошта, заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатиро зиёда аз 200 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду давлат —Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ҳамкории стратегии мамлакатҳои мо ба сатҳи сифатан баланд расида, сол то сол густариш меёбад.

Аз ҷараёни баргузории Форуми мазкур тафсилоти бештар манзур мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

КОРВОНИ ВАҲДАТ ДАР ШОҲРОҲИ ВАҲДАТ

Чорабинӣ

    Дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Корвони Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат таҳти унвони «Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун» ба ифтихори 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки фаъолони Шӯрои Ҳаракат дар вилоят ва ноҳия Замира Мансурӣ, Қурбонҷон Мирзоева, Адибаи Хуҷандӣ, Амир Анварзода, Парвиз Халифаёр ва Сайёра Акбархоҷаева ташкилу баргузор карда шуд.

ПЕШГИРӢ, ЭЪТИНО ВА РАФЪИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА

Омӯзиш

      Дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024, ки аз ҷониби Сардори мудофиаи гражданӣ - Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 17 январи соли 2024 тасдиқ шудааст, чанде қабл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машқи мукаммали мудофиаи гаржданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои ноҳия ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда» баргузор гардид.

Чорабинии омӯзишӣ якҷо бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ташкил ва гузаронида шуд.

Дар доираи машқ дар шаҳраки Сайҳуни ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов тоза кардани селроҳа ва барқарор намудани садди роҳи муҳофизатӣ дар ҳаҷми зиёда аз 4000м3 гузаронида шуд. Инчунин амали қувва ва воситаҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳои худ дар самти ҳифзи аҳолӣ аз ҳолати фавқулодда дар маҳаллаи “Ваҳдат”- и ҷамоати шаҳраки Ғафуров бо иштироки сершумори сокинони маҳал доир карда шуд

 Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров

ҶАЛБИ ДУХТАРОН БА ЗИНАИ СЕЮМИ ТАҲСИЛ ВА КАСБОМӮЗӢ

    Масъалаҳои риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", тарғибу ташвиқи эҳёи либосҳои миллӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ва касбомӯзӣ, оид ба одобу ахлоқи ҳамидаи духтарон, омода намудани ҷавонон ба оиладорӣ, маърифати дуруст истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар мулоқот баррасӣ гардиданд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.