"МАКТАБ БА МАКТАБ " - МУЛОҚОТИ СУДМАНД
Дар асоси нақшаи муштараки сохторҳои дахлдор бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Баҳриддин Баҳодурзода, мушовирони шуъбаи маориф Махфират Обидова ва Назокат Каҳҳорова дар муассисаи таълимии №31-и Ҷамоати деҳоти Ёва бо иштироки падару модарон ва омӯзгорон мулоқоти судманд бо усули "Мактаб ба мактаб " баргузор гардид.
Маърӯзачиён оид ба масоили мубрами рӯз, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон, иштирок дар озмунҳои мухталиф, зиракиву ҳушёрии сиёсии ҷавонон, истифодаи дурусти технологияи муосир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҳифзи ватан ва фарҳанги либоспӯшӣ андешаҳои худро баён доштанд.
Ҳадаф аз баргузории ин воҳӯрӣ тарбияи шоистаи насли ҷавони созандаву бунёдкор мебошад.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров