Рӯзи ягонаи ахбор
ТАНЗИМИ РАСМУ ОИНҲО – КАФОЛАТИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 04.01.2022, №01 Дар бораи гузаронидани “Рӯзи ягонаи ахбор” ва тибқи барқияномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 4 июли соли 2024, №367-6/13 дирӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баргузор карда шуд. Оид ба баргузории Рӯзи ягонаи ахбор тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия тариқи барқияномаи ноҳиявӣ огоҳонида шуда, ҷадвали вобастакунии масъулони гурӯҳи тарғиботӣ тасдиқ гардонида шуд. Маводи тарғиботӣ оид ба мавзӯи тавсияшуда “Танзими расму оинҳо – кафолати зиндагии шоиста”, ки дар нашрияи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зери сарлавҳаи “Танзим – баракати зиндагист” чоп шудааст, тариқи сомонаи расмӣ ва саҳифаи фуйсбукии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия паҳн карда шуд.
Дар ҷамъомади васеи сокинони деҳоти Хистеварз, ки дар маҷлисгоҳи Ҷамоат баргузор гардид, гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳайати мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия – Халифаёр П., мудири шуъбаи кор бо занон ва оила – Ҳоҷибоева Ӯ., мудири бахши кор бо дин ва танзими ҷашну маросим – Темиров У., сархатиби ноҳия – Ҳомидов А. ва раиси Ҷамоати деҳоти Хистеварз – Зоҳиров М. иштирок ва суханронӣ намуданд
.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров