МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар миқёси вилоят ҷараён дорад.
Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ бо иштироки кормандони шуъба ва сокинони ҷамоати Ғозиён маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил ва гузаронида шуда, дар қадди роҳҳо зиёда аз 200 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.
Тавре аз Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят хабар доданд, тибқи нақшаи тасдиқгашта дар ноҳия соли равон шинонидани 44 ҳазор бех дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишиву мевадиҳанда пешбинӣ гардидааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд