Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ

Санаи 10 марти соли 2021 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид. Дар кори иҷлосия мудири бахши сохтмони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳаммадзода Маъруф иштирок дошт.

Тибқи рӯзномаи тасдиқгардида дар кори Маҷлис масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

- дар бораи тасдиқи ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Ваҳдат», №1;

- оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2021, №136 «Дар бораи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин намудани Давлатзода З.»

- оид ба рафти иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.2018, №АП-1029 «Дар бораи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- оид ба тасдиқи нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва нақшаҳои иморатсозии ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ғафуров ва қисми ҳудуди ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

- ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ;

- оид ба номгузорӣ;

- тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Маҷлис Дадохӯҷаев Норхӯҷа - раиси комиссияи ноҳиявии интихобот ахборот дода, иттилоъ дод, ки мувофиқи интихоботи баргузоргардида ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии «Ваҳдат», №1 Давлатзода Зафарбек вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб гардид. Вакили тозаинтихоби Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Давлатзода Зафарбек дар назди ҳозирин савганди вакилӣ ёд кард.

Сипас ба самъи иштирокдорони Маҷлис Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2021, №136 «Дар бораи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин намудани Давлатзода З.» қироат карда шуд.

Аз рӯи масъали сеюми рӯзномаи Маҷлис оид ба рафти иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.2018, №АП-1029 «Дар бораи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муовини Раиси ноҳия Абдуллозода Фирдавс маърӯза пешниҳод намуд. Дар музокираронӣ оид ба масъалаи мазкур вакилони Маҷлис Комилӣ Мастура, Акбарзода Маъруф ва Қодиров Азамат иштирок намуда, маърӯзаи пешниҳодшударо мукаммал намуданд.

Аз рӯи масъалаи «Тасдиқи нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва нақшаҳои иморатсозии ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ғафуров ва қисми ҳудуди ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров» гузориши мудири бахши меъморӣ ва шаҳрзозии ноҳия Нодиров Феҳраст шунида шуд.

Вакил аз ҳавзаи интихоботии «Мусаффо», №17 Назирова Сабоат оид ба рафти иҷрои ваколати вакилии худ ҳисобот пешниҳод намуд.

Раиси комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Турсунзода Дилором лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаи номгузориро шарҳу эзоҳ дод.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.