ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ ДАЪВАТИ НАВИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати ҳафтум) баргузор гардид. Кори иҷлосияро раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло оғоз намуда, иштироки муовини раиси вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшедро барои иштирокдорон муаррифӣ намуд. Тибқи рӯзномаи иҷлосия барои тасдиқи ваколати вакилони интихобшудаи Маҷлиси ноҳиявӣ сухан ба раиси комиссияи ноҳиявии интихобот Муродов Насим дода шуд. Мавсуф зикр дошт, ки тибқи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот санаи 2 марти соли 2025 чорабинии муҳимми сиёсии интихобот дар ҳамаи участкаҳои интихоботии ҳудуди ноҳия дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ доир карда шуд. 40 нафар вакилони интихобшудаи Маҷлиси ноҳиявӣ муаррифӣ карда шуданд ва ҳамаашон дар вазияти тантанавӣ савганди вакилӣ ёд карданд.
Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ карда шуда, барои пешбурди фаъолият 7 адад комиссияҳои доимии Маҷлис таъсис дода шуданд.
Аз рӯи масъалаи пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси ноҳиявӣ бо тартиби муайян овоздиҳии пинҳонӣ баргузор намуда, аз рӯи натиҷаҳо ва хулосаи комиссияи босалоҳият қарори дахлдор қабул намуданд.
Вакилони тозаинтихобро муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода табрик намуд. Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло кори Маҷлисро пӯшида эълон намуд.