Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
9 феврали соли 2021 Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи мулоқоту вохӯриҳои аъзои Маҷлиси миллӣ бо аҳолӣ бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуд.
Раиси вилоят зимни мулоқот нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дода, қайд кард, ки Паёми имсола Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили дақиқ, натиҷагирии асоснок ва масъалагузориҳои мушаххас самтҳои муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, аз ҷумла роҳҳои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва вазифаҳои навбатиро муайян намуданд, ки ҳадафи он татбиқи манфиатҳои миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум аст.
Таъкид карда шуд, ки баъди ироаи Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2 то 5 феврали соли равон ба вилояти Суғд ташриф оварда, дар чорабинии таҷлили Иди Сада, ки дар Муассисаи давлатии Қасри Арбоб доир гардид, ширкат доштанд.
Пешвои миллат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бунёду ифтитоҳи боғи интенсивӣ ва намоиши чорвои хушзот дар мавзеи Султонободи Ҷамоати деҳоти Зарзамин, гармхонаи ҶДММ “ММК Агро”-и Ҷамоати деҳоти Исмоил, фаъолияти гармхонаҳои Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди ба номи Саидхоҷа Ўрунхўҷаеви Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, бунёди боғи интенсивӣ, хати обрасонӣ, гармхонаи замонавӣ ва оғози кишти картошка дар Ҷамоати деҳоти Ёва иштирок намуданд.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз Паём таъкид дошт, ки иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.
Дар ин давра ба ҳаҷми 9,7 фоиз афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ба ҳаҷми 8,8 фоиз маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ҳаҷми 0,8 фоиз таъмин шудани гардиши савдои хориҷӣ, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисодии кишварро ба вуҷуд оварданд.
Хусусан, истеҳсоли озуқаворӣ нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфта, ба беҳтар таъмин шудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ мусоидат намуд.
Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон доир ба бунёди корхонаҳои саноатӣ, иншооти гуногуни иҷтимоӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардондани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, рушди бонизоми бахши воқеии иқтисодиёти вилоят, афзоиши ҳаҷми истеҳслои маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, рушди соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳанг, варзиш, илму маориф, тиб, ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон маълумот дода, афзуд, ки бо татбиқи нишондодҳои Паёми навбатии Сарвари давлат дастовардҳо боз ҳам афзун хоҳад шуд.
Раиси вилоят таъкид кард, ки бо ташаббуси Сарвари давлат рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятнок муайян гардида, солҳои 2019 – 2021–ум «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидаанд.
Дар заминаи ин ташаббус ва имтиёзҳое, ки дар ин самт Ҳукумати мамлакат вобаста ба фаъолияти бахши хусусӣ, густариш додани шумораи меҳмонхона ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ пешниҳод кардааст, зарур аст, ки ин раванд дар ноҳия низ тақвият дода шавад. Зеро ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дорои маконҳои таърихӣ, аз ҷумла Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров ва Қасри маданияти Арбоб буда, бо аҳамияти зиёди таърихии худ дар кишвари мо ҷойгоҳи хосеро доро мебошад ва сол аз сол таваҷҷўҳи сайёҳони зиёди берунӣ ва дохилиро ба худ ҷалб менамояд. Дар баробари ин, масъулини ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани хизматрасониҳо, дарёфти роҳҳои нави ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ, бахусус, рушди сайёҳии дохилӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
-Бо мақсади истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолият дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тибқи нақшаи чорабиниҳо корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд. Алҳол дар вилоят сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими ҳазорҳо иншоот, аз ҷумла дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1282 иншоот ба нақша гирифта шуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вазифадор аст, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати иншооти бунёдшавандаро таъмин намояд.
Итминони комил дорам, ки сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талош намуда, бо дастовардҳои шоиста ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистони азизамонро сазовор истиқбол менамоянд,-илова намуд дар охири мулоқот роҳбари вилоят.