ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯ ВА ОШКОРКУНИИ ҶИНОЯТҲОИ КИБЕРӢ ТАҲЛИЛ ШУДАНД
Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масъалаи «Рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва ошкоркунии ҷиноятҳои киберӣ дар давраи соли 2023 ва 11 моҳи соли 2024» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Кори ҷаласаи Шурои ноҳиявиро раиси Шуро Самизода С.А. – прокурори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, иттилоъ дод, ки дар ҷаласа ба ғайр аз аъзои Шӯро роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони дин ва дигар шахсони ба масъалаи баррасишаванда дахлдор иштирок доранд.
Аз рӯи масъалаи рӯзномаи Шӯро маърӯзаву гузоришҳои сардори шуъбаи дар ноҳия будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Самандар Ҷӯразода ва ёрдамчии прокурори ноҳия Сорбон Раҳмонов шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи баррасишуда мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, бахши кор бо дин, танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳо, ходимони дин, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия пурсиш ва вазифагузориҳо карда шуданд.
Оид ба масъалаи баррасишуда муовини Раиси ноҳия Юсуфӣ Акбар андешаронӣ намуда, ҷиҳати густариши ҳамоҳангии фаъолият дар самти мубориза бар зидии падидаҳои экстремистиву террористӣ дастуру тавсияҳо баён намуд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров