МУЛОҚОТИ "МАҲАЛЛА БА МАҲАЛЛА" БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ХИСТЕВАРЗ
Мулоқот бо сокинони маҳаллаҳои “Дӯстӣ”, "Баҳористон", "Ҷавғал", "Ҳавзаки боло", "Олимшайх", "Темурмалик", "Тоҷикистон", кӯчаҳои А.Саидов, Т.Қосимов, баргузор гардид. Ҳайати гурӯҳи тарғиботии ноҳия: Халифаёр Парвиз - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Искандаров Фирӯз - сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия, Ҳоҷибоева Ӯғулой - мудири шуъбаи кор бо занон ва оила, Баҳодурзода Баҳриддин - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Бобоҳоҷиев Шамс - намояндаи шуъбаи ноҳиявии КДАМ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Хайрулло Сафаров - мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими ҷашну маросими ноҳия, Ҷӯрабоева Матлуба муовини раиси ҷамоати деҳоти Хистеварз, нозири минтақавии милитсия бо мардуми ҷамъомада оид ба масълаҳои вазъи ташвишовари ҷаҳони муосир дар самти пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонону наврасон ба равияҳои ифротиву тундгаро, масъулияти волидайну омӯзгорон дар тарбияи дурусти кӯдакону наврасон, ҷиноятсодиркунӣ, тадриси ғайриқонунии динӣ, истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ дар мавриди корбурд бо шабакаҳои иҷтимоии интернет, оқибатҳои харобиовари гирифторӣ ба равияҳои экстремистиву террористӣ, татбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ, танзими ҷашну маросим ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, пешгирии муноқишаҳои оилавӣ, ҷалби бекорон ба шуғли пурмаҳсул ва дигар масъалаҳои мубрам бо мисолҳои воқеӣ суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карданд.
Ҳамзамон оид ба масъалаҳои маданияти истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, саҳмгузорӣ дар ҷамъоварии пахта ва саривақт анҷом додани шудгори заминҳои корами обӣ баҳри рӯёнидани ҳосили баландсифат дар соли минбаъда даъват ба амал оварда шуд.
Сурат гузориш аз рафти мулоқотҳо...
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров