Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии ҳар кишвар, на танҳо роҳи ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ ва сиёсиро нишон медиҳад, балки инъикосгари арзишҳои милливу давлатӣ низ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия, ки соли 1994 қабул гардидааст, дар давоми 30 соли мавҷудияти худ ба яке аз омилҳои асосии таъмини суботу оромии кишвар ва тақдирсозии миллат табдил ёфтааст.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ ва ихтилофҳои дохилӣ кишварро ба шикаст наздик кард. Дар чунин шароит қабул шудани Конститутсияи нав на танҳо роҳи сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистонро муайян кард, балки замина барои бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва соҳибистиқлолро фароҳам овард.
Маъно ва мазмуни аслии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки он ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як шаҳрвандро кафолат дода, барои ташаккул ва инкишофи низоми демократӣ шароит муҳайё мекунад. Конститутсия ҳамчун асоси низоми ҳуқуқии кишвар муносибатҳои байни ҳокимият ва шаҳрвандонро ба таври возеҳ муайян намуда, роҳи рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоиро низ танзим мекунад
Аз тарафи дигар, қабул шудани Конститутсия ба миллати тоҷик имконият дод, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёд шинохта шавад. Тоҷикистон, бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти давраи гузариш, бо такя ба ин санади тақдирсоз тавонист суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ба даст орад. Махсусан, таъмини сулҳ ва барқарор кардани амнияти дохилӣ дар солҳои 90-ум аз ҷумлаи дастовардҳои асосии Конститутсия мебошад.
Дар тӯли 30 соли мавҷудияти худ, Конститутсия борҳо тағйироту иловаҳо дид, ки ин маънои мутобиқшавии онро ба талаботи замони муосир ва тағйирёбии шароитҳои ҷаҳонӣ дорад. Ин санад, ки рукни асосии давлати Тоҷикистон мебошад, имрӯз ҳам ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамои миллӣ ва истиқлолияти воқеии кишвар хидмат мекунад.
Аз ин рӯ, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як рӯйдоди таърихӣ, балки як ҷашни худшиносиву худогоҳии миллат аст. Ҳар як насли кишвар вазифадор аст, ки ин мероси гаронбаҳоро эҳтиром намуда, дар рушди минбаъдаи кишвар саҳм гузорад.
Хулоса, Конститутсия ҳамчун такягоҳи асосии давлати тоҷикон, аз замони қабул шуданаш то имрӯз миллатро ба сӯи рушди устувор, сулҳу оромӣ ва зиндагии беҳтар раҳнамоӣ мекунад. Дар ин росто, нақши ин санади олии ҳуқуқӣ дар таъмини тақдири миллат ва рушди давлати соҳибистиқлоли мо бениҳоят бузург аст.
АЗИЗ КАРИМӢ - раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи "Лоиқ" дар КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.