Ҳар як Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамоест, ки мардуми шарафманди тоҷикро ба сӯи ояндаи ободу осоишта, ваҳдату ягонагӣ ҳидоят менамояд.
Даврони соҳибистиқлолӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ барои ҳар як фарди Тоҷикистони азизамон, хусусан ҷавонони барӯманди миллат дастоварди бузургтарин мебошад ва барои Ватан ҷоннисорӣ дар роҳи он ҳидоят менамояд.
Пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳо, гул-гулшукуфоии ватани маҳбубамон, сулҳу ваҳдати миллӣ ва оромиву осодагии мардум кафолати ҳаматарафа ва таълиму тарбия дар роҳи ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҳар як омӯзгор ва тарбиядиҳанда мебошад. Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд, ҷонибдории худро барои бунёди давлати навини тоҷикон баён намуда буданд, ки меҳвари бунёди он давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ буданро ташкил медиҳад.
Соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» қабул карда шуд, ки мақсади қонун ҳимояи ҳуқуқ ва озодихоҳии инсон ва таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Гуруҳҳои ифротие, ки имрӯз ба хатару таҳдидҳои глобалӣ тамоми дунёро барқарор сохтанд, аксар саводи мукаммал надоранд. Онҳо фаҳмиши маҳдуди зоҳирӣ аз ҷаҳон ва ислом мусаллаҳ буда, аз арзишҳои баланди инсонӣ баҳраманд нестанд.
Онҳо арзишҳои некиву накӯкорӣ, меҳрубонӣ, раҳмдиливу озодипарастӣ, илму маърифат, фарҳангу хештаншиносӣ, созандагӣ ва ободӣ, ки ҷавҳари бузурги одамият аст, аз инҳо дур ҳастанд. Рӯҳия ва амали онҳо бештар ба хушунату ифротгарӣ, ба тероризму экстремизм, ваҳшонияту ноодамӣ наздик аст. Ҳаракатҳои террористӣ, ифротгароии динию маҳзабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии тамоми сайёраро ноором намуда, ҳаёти осоиштаи мардумро дар зери хатар мегузоранд. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки боиси ба вуҷуд овардани оқибатҳои нохуш, расонидани зарари вазнини руҳонию ҷисмонӣ, зуроварӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, вайронкорӣ ба даст овардани ҳокимият оварда мерасонад. Бесабаб нест, ки имрӯз терроризм ва гуруҳҳои ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст. Имрӯз ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ҳар як сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдору ҷиноятҳо ва амалҳои ғайриинсонӣ бетараф набошад. Ҳар гуна душманони миллатро роҳ надиҳем, ки ватани биҳиштосои моро, ки дар тӯли чандин солҳо бо ранҷу уқубатҳо, ваҳдату истиқлолият, сулҳу салоҳро ба даст овардем, касб намуда, халалдор созанд.
Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худоогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонон ба миллат ва Ватан, хоку оби поки ин миллат ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол самимӣ бошад ва ба ҷаҳониён исбот намоем, ки мо аҷдодони бузургу бофарҳангем ва ифротгарону хоинони халқу миллатро нафрат дорем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода, маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҳаёти иҷтимоӣ меҳисобад ва эътироф менамояд. Имрӯз мо ҳар шаҳрванди худогоҳро мебояд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон диққати ҷиддӣ диҳем ва нагузорем, ки тӯъмаи душман шаванд.
Аъзои фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Лоиқ” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров