БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТҲО АЗ РӮИ УСУЛИ «МАҲАЛЛА БА МАҲАЛЛА»

          Тибқи ҷадвали тасдиқгардида ин навбат мулоқоту корҳои ҳайати гурӯҳи тарғиботии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сокинони маҳаллаҳои «Марказ», «Роҳиоҳанчиён» ва «Ваҳдат»-и ҷамоати шаҳраки Ғафуров ташкилу баргузор карда шуд.

 

Тарғиботчиён бо мадуми ҷамъомада оид ба дастуру тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари охирини кориашон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баёндошта ва дар ин замина эътибори зарурӣ додан ба корҳои минбаъдаи ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ва ватанпарварӣ, аҳамияти зарурӣ ҷиҳати эҳтиромгузорӣ ба қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла қонунҳои масъулият дар таълиму тарбияи кӯдакон, танзими ҷашну маросим, ӯҳдадориҳои ҷавонписарон дар адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ, риояи фарҳанги милли либоспӯшии занону духтарон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, хушунати хонаводагӣ, маданияти истифодабарии телефонҳои мобилӣ дар мавриди корбарӣ бо шабакаҳои иҷтимоии интернет, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии экстремистиву террористӣ, фарогирии шаҳрвандони бекор бо шуғли пурмаҳсул ва дигар масъалаҳои доғи рӯз суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

Хабарнигори «Парвозгоҳи бузургон»

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.