ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ

          Зимни баргузори намози рӯзи ҷумъа дар масҷиди ҷомеи «Хоҷабоқирғон» дар деҳоти Овчиқалъача муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Юсуфӣ Акбар ва раиси Ҷамоат Ҳайдаров Алишер иштирок намуда, бо мардуми ҷамъомада доир ба татбиқи амалии сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулият дар таълиму тарбияи кӯдакон, қарзи шаҳрвандии ҷавонписарон дар адои хизмати ҳарбии ҳатмӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуби шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии экстремистиву террористӣ корҳои тарғиботӣ баргузор намуданд.

Муҳимтарин сиёсати мамлакатро таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо шуғлнокӣ таъмин намудани сокинони деҳотро муовини Раиси ноҳия Юсуфӣ Акбар дар баргузории ҳарчӣ зудтар ва саривақтии кишти аввалибаҳорӣ арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки тибқи протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар 65 фисади заминҳои кишоварзӣ кишти пахта гузаронида шавад. Зеро пахта бойигарии асосии мамлакат буда, ашёи хоми стратегӣ ва манбаи бо ҷойи корӣ таъмин шудани мардуми деҳот, фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии кишвар ба ҳисоб меравад. Бо ин назардошт аз ҳамаи деҳқонон ва саҳмдорони хоҷагиҳои кишоварзӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаи кишти чигити хушсифати тиллои сафед эътибори зарурӣ дода, ҷиҳати васеъ намудани майдонҳои кишти пахта тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Хабарнигори "Парвозгоҳи бузургон"

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.