Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок мулоқот намуданд
1 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сокро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни сӯҳбати самимӣ ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла таҳкими равобити байнипарламентии Тоҷикистону Корея мароқ зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои манфиатбахши тамосҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, саноат, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳо, баррасӣ карданд.