ЭҲТИРОМ БА ҚОНУН - АСОСИ ТАЛАБОТИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ
Терроризм ва ифротгароӣ аз зуҳуроти номатлуби замони имрӯза маҳсуб ёфта, падидаи мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои вазнин ва таҳдид ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Терроризм ва ифротгароӣ аз зуҳуроти номатлуби замони имрӯза маҳсуб ёфта, падидаи мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои вазнин ва таҳдид ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раиси ҷамъияти миллӣ - фарҳангии ба номи “Соотечественник”-и тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Россия вохӯрӣ доир гардид.
Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия
Масъалаи “Ҷамъбасти вазъи риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ” дар фаъолияти масъулини шуъбаи Вазорати корҳои лохилии №1 - 2 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соли 2023 ва шаш моҳи соли 2024” дар Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Вобаста ба масъалаи мазкур муовини сардори ШВКД№1 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, подполковники милитсия Бахтиёр Абдуллозода ва сардори ШВКД№2 майёри милитсия – Фаррух Муллозода гузориши муфассал доданд.
Сипас, Каримулло Сафаров, ёрдамчии калони прокурори ноҳия, зимни таҳлили масъалаи мавриди назар афзуд, ки самти фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохила дар таъмини амнияту тартиботи ҷомеа муҳим мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ”, ки аз 25 марти соли 2011 қабул карда шудааст, тамоми шохаҳои ин самтро ба танзим медарорад.
Тибқи моддаи 3 - и қонуни мазкур вазифаҳои асосии фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯиро ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан, кушодани ҷиноятҳо, ошкор ва муайян кардани шахсони ин ҷиноятҳоро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда, ҷустуҷӯи шахсони аз мақомоти таҳқиқ, тафтиш ва суд пинҳоншуда, ҳамчунин ҷустуҷӯи шахсони бедарак ғайбзада, ба даст овардани маълумот дар бораи ҳодиса ё ҳаракатҳое (беҳаракатие), ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ё экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамоянд, ташкил медиҳад.
Тибқи муқаррароти қисми 1 - и моддаи 13 ҳамин қонун субъектҳои амаликунандаи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ин мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, мудофиа, адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Гвардияи миллӣ ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Тибқи талаботи қонуни мазкур Воҳидҳои оперативӣ, ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯиро аз қабили пурсиши оперативӣ, ҷамъоварии маълумот, ҷамъоварии оперативии намунаҳо барои таҳқиқи муқоисавӣ, ҷустуҷӯи шахсӣ, харидории санҷишии оперативӣ, таҳқиқи оперативии ашё, ҳуҷҷатҳо ва объектҳои дигар, муоинаи оперативии манзил, ҳуҷраҳо, биноҳо, иншоот, қитъаҳои маҳал ва воситаҳои нақлиёт, назоратбарии оперативии муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ, гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва сабти онҳо, гирифтани иттилоот аз каналҳои техникии алоқа, воридсозии оперативӣ, таҳвили назоратшаванда, эксперименти оперативӣ, гирифтани иттилооти комютерӣ, таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва ғайраро татбиқ менамоянд.
Санҷиши вазъи риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ” дар фаъолияти масъулини шуъбаи Вазорати корҳои лохилии №1 - 2 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соли 2023 ва шаш моҳи соли 2024 дар давраи ҳисоботӣ нишон дод, ки мақомоти баамалбарорандаи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯии ноҳия баҳри таъмини амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бо ҷинояткорӣ корҳои назаррасеро ба сомон расонидаанд. Мақомоти мазкур дар тарҳрезӣ ва анҷом додани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, ошкор кардани ҷиноятҳо, дастгир кардани шахсони дар кофтуков қарордошта, муайян кардани иштирокчиёни ҷиноят ва ғайра корҳои муайянро ба иҷро расонидаанд. Таҳлилҳо нишон дод, ки новобаста аз корҳои дар ин самт анҷомёфта, ҳанӯз камбудиву қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла аз ҷониби мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, наандешидани чораҳои дахлдори оперативӣ - ҷустуҷӯӣ баҳри ошкор намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ба таври зарурӣ ба роҳ намондани чораҳои дахлдор ҷиҳати дастгиру ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, муайян намудани ҷойи буду боши шахсони бедарак ғайбзада ҷой доранд.
Зимни таҳлили масоили болозикр дар ҷаласа самтҳои алоҳидаи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ дақиқан мавриди таҳлил қарор дода шуданд.
Усмон Қосимзода, муовини якуми прокурори ноҳия, зимни муҳокима аз масъулини дахлдор пурсиш ба амал оварда, иброз дошт, ки самаранокии фаъолияти мақомоти оперативӣ – ҷустуҷӯиро, вазъи ҷинояткорӣ дар ноҳия муайян менамояд. Ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда ва ошкоршавии он нишон дода истодааст, ки фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯи дар ноҳия тақвият дода шаванд. Яке аз уҳдадориҳои муҳими мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ тибқи моддаи 14 - и қонун, ки таъмини амнияти давлат ва сулҳу субот дар ҷомеа вобастагӣ дорад, ин кушодани ҷиноятҳо оид ба амалҳои террористиву хусусияти террористидошта мебошад. Ин масъалаи муҳим дар меҳвари таваҷҷуҳи фаъолияти ҳамарӯзаи оперативӣ – ҷустуҷӯӣ бояд қарор гирад, зеро ин самт саҳланкориро намепазирад. Дигар ҷиноятҳои вазнин, аз қабили ҳодисаҳои куштор, ҳодисаҳои муомилот бо маводи нашъадор низ бояд ҳамарӯза дар мадди назар бошанд, ки барои пешгирӣ ва рух надодани чунин ҳодисаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ дар якҷоягӣ бо ҷамоати деҳот ҷоннок карда шаванд.
Инчунин Илҳомиддин Вализода ва Ҷамшед Зубайрзода, сардорони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров № 1 – 2 оид ба масъалаи вазъи риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ” дар фаъолияти масъулини шуъбаи Вазорати корҳои лохилии №1 - 2 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соли 2023 ва шаш моҳи соли 2024” ибрози андеша намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласа роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, раисони шаҳраку ҷамоати деҳот, ходимони дину фаъолони маҳал иштирок доштанд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Мо – кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров суханронии домуллои афғон Соҳиб Аҳмад Фирӯз Аҳмадӣ -ро пурра маҳкум намуда мегӯем:
Оё Шумо худ намедонед, ки иғвогарӣ аз амалҳои бади инсонист! Мардуми тоҷик ба дини мубини ислом хиёнат накардааст, шароити созгори эътиқодӣ барои пайравони онҳо таъмин гардидаву 99 фисади сокинони кишвари мо эътиқодманди он мебошанд. Ба арзишҳои созандаву инсонпарваронаи он арҷ мегузоранд. Дар таълимоти мазҳаби ҳанафӣ инсон ҳамчун беҳтарин мавҷудоти оваридаи Илоҳӣ мақоми баланд дорад.
Мардумро тафриқаандозӣ накунед, ки рехтани хуни ноҳақ гуноҳ аст!. Мардуми Тоҷикистон, бахусус, ҷавонону наврасон, ки худро мусалмон ва пайрави мазҳаби Ҳанафӣ меҳисобанду чун меросбарони шахсиятҳои маъруфи оламшумули халқи хеш ифтихор доранд. Оё Шумо намедонед, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон бо иқдом ва дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмоамлӣ Раҳмон се маротиба бо забони тоҷикӣ Қуръони карим тарҷума шудаву дастраси мардум гардидааст. Дар Тоҷикистони озоду ободи мо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумат, Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, Масҷиди калонтарин дар пойтахти кишвар таъсис дода шудаанд. Ҳар сол ҳазорҳо нафар ба сафари ҳаҷ ва умра мераванд. Донед, ки фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Имоми Аъзам поягузори бузургтарин мазҳаби таҳаммулгароии дини мубини Ислом аст. Худованд бандаашро офарида, ба вай ақл, чашм додааст, обу хоку заминро додааст, то зиндагӣ кунему аз ин дунё баҳравар гардем. Ақламонро кор фармуда, ба замона мутобиқ шавем, пойбанди хурофот нагардему илму ҳунар омӯзем... Танҳо илму дониш омӯхтану ихтироъ кардани техникаву технологияи муосир, арзишҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳангӣ ва озодиҳо шахсро аз таҳдиди ҷаҳонишавии манфиатҳо ҳифз карда метавонад.
Шумо даврони ободиву осудагии кишвари моро нодида нагиред. Мо - занону бонувон, кормандони соҳаи маориф аз он ифтихормандем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронӣ ва Паёми ҳамасолаашон нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир арзёбӣ мекунанд.
Пешвои муаззами миллат дар ҳар суханронӣ ва бо фаъолон ва ходимони дин бо мисолҳои равшан таъкид доштанд, ки баъзе занону бонувон баъди адои ҳаҷ ва умра ба хотири фарқ кардан аз дигарон либосҳои бегонаро ба бар мекунанд. Дар ҳақиқат, бегонапарастӣ дар сарулибос, яъне пӯшидани сатру аврат аз масъалаҳои доғи рӯз дар ҷомеаи мо маҳсуб меёбад. Онҳое, ки либосҳои бегонаро мепӯшанд, намоишкорӣ мекунанд. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист ва он метавонад, фарҳанги миллии моро халалдор созад. Ҳар халқу миллатро бо забон, урфу одат ва аз шаклу тарзи либоспӯшиаш мешиносанд. Занону бонувон ба ҷойи тақлид ба либоси бегона босаводу боиффату босавод бошанду эҳтироми падару модар ва шавҳарро ба ҷо оваранд.
Дар хотир дошта бошед, ки ҷавонони мо дигар дигар бетарафу бетафовут, гумроҳзада нестанд. Мардуми тоҷик оқибатҳои ҳодисаҳои фоҷиабору ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст. Мо ба ақлу заковат, нангу номус, ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонон – нерӯи пешбарандаи ҷомеа эътимоди қавӣ дорем. Барои мо сулҳу суботи ҷомеа, ҳамдилию ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллиамон арзиши олӣ доранд. Бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, ифротгароиву тафриқаандозӣ сарҷамъона мубориза мебарем. Намегузорем, ки нақшаҳои сиёҳи душманони миллати мо амалӣ гарданд!
Кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров