Машқҳои варзишии пагоҳирузӣ

Бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар рӯзҳои истироҳатӣ ташкил намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳукми анъана даромадааст. Рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳафтаи гузашта дар тамоми иншоотҳои варзишии қаламрави ҷамоати деҳоти ноҳия машқи пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд. Ҷавонону наврасон аз субҳи содиқ бо камоли ихлосу завқи баланди варзишдӯстӣ ба толору майдончаҳои варзишӣ ҳозир шуда, бо роҳбаладии мураббиён машқу тамрин гирифтанд.

Дар ин рӯз инчунин дар мактаби варзишии№1 мусобиқаи варзишии ноҳиявӣ оид ба тениси рӯи миз баргузор гардид, ки дар он дастаи Шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ва дастаи бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия бо ҳам сабқат намуданд.

Дар натиҷа бо ҳисоби 3:0 дастаи ШКАТС ғолиб дониста шуда, ба давраи навбатии озмун роҳхат гирифт.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.