Исмоил
Ҷамоати деҳоти Исмоил яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, дар қисми марказии шимолу шарқии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дорад, аз шаҳри Хуҷанд 30 км ва то маркази ноҳия 27 км дуртар, дар тарафи рости обанбори Қайроққум ҷойгир шудааст.
Сохти маъмурии – ҳудудии Ҷамоат
Ба ҳайъати Ҷамоати деҳоти Исмоил деҳаҳои Султонобод, Шамсобод, Чордара, Қалъаи кӯҳна, Равот, Дӯстӣ, Пилол, Уяс, Сабзазор, Гулобод, Саричашма, Терак, Қурғонча, Қарочингил, Оламтоб ва Шоқадам дохил мешаванд. Дар байни ин деҳаҳои Шамсобод Чордара, Қалъаи кӯҳна, Равот, Дӯстӣ, Пилол, Уяс аз ҳама сернуфузтарин ба ҳисоб рафта, 63%-и аҳолии ҷамоат истиқомат мекунанд.
1.2. Тафсири таърихию маданӣ
Маълум аст, ки ҳар маҳалли зисти одамон ба худ хос таърих, солномаро дорост. Деҳаи Сомғор низ дорои таърихи қадима мебошад. Чуноне, ки муаррихон таъкид кардаанд, деҳаи Сомғор аз қадимтарин деҳоти атрофи шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад.
Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Исмоил мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 3, 9, 43, 46, 52, 59, 81, 64 фаъолият мебаранд, инчунин Беморхонаи нохиявии №6, 2-марказҳои саломатӣ, корхонаи коммуналии «Ободкор» ба мардум хизмат мерасонанд.
Инчунин, мағозаҳои тиҷоратӣ ва хӯрокворӣ, клуб, чойхона, китобхона, тӯйхона барои қонеъ намудани талаботи мардуми деҳот ҳамеша омодаи хизмат мебошанд.
Дар Ҷамоат 3 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 25 нафар иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, 4 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил, 69 – нафар иштирокчиёни муҳорибаҳои барқароркунии сохти конститутсионӣ ва зиёда аз 1200 нафар собиқадорони меҳнат кор ва зиндагӣ мекунанд. Ҷамоат бо 1 нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 1 – нафар Қаҳрамони меҳнат фахр мекунад.
Шароити захираҳои табиӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ
Манзараи даштӣ, иқлими хушк (ҳарорати миёна дар фасли тобистон аз 25 ◦С то 35◦С ва фасли зиминстон то -20◦С). Замини ҳосилхез ва мавҷуд будани об тамоюли соҳаи хоҷагии қишлоқро бо равияи пахтакорӣ, ғалладонагӣ, меваю сабзавот ва ангурпарварӣ муайян мекунад. Дар ин ҷо ҳамчунин пиллапарварӣ тараққӣ ёфтааст.
Аз сабаби паст будани миқдори миёнаи бориш (то 150 – 300 мм) ба талаботи обёрии (ирригатсия) шиддатнок эҳтиёҷот дорад.
Дар ҳудуди ҷамоат тӯдаи шағал мавчуд аст, ки имконияти ба даст овардани шағали сохтмониро фароҳам меоварад.
Дар ҳудуди ҷамоат канданиҳои фоиданоки оҳан, тилло, қӯрғошим мавҷуд аст.