Хистеварз
Ҷамоати деҳоти Хистеварз яке аз ҷамоатҳои калонтарин на танҳо дар вилояти Суғд, балки тамоми ҷумхурӣ ба ҳисоб меравад, Ҷамоати деҳотро аз тарафи шимол дарёи Сир, аз ҷануб қаторкӯҳҳои Қирғизистон ва аз шарқ ноҳияи Конибодому аз ғарб дарёи Хоҷабақирғон иҳота кардаанд. Ҷамоати деҳоти Хистеварз дар тарафи чапи соҳили Баҳри Тоҷик (обанбори нерӯгоҳи барқии Қайроқкум) чойгир мебошад. Аз тарафи ҷануб бо ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, аз шарқ бо ноҳияи Конибодом, аз ғарб бо Ҷамоати Овчиқалъача ва аз шимол бо ҷамоатҳои Исфисор ва Зарзамин ҳамсарҳад аст.
Ҳудуди ҷамоати деҳот 1060,7 километр буда, масофаи чамоат то маркази ноҳия 9км, то маркази вилоят ш. Хуҷанд 25 км, то майдони хавоии байналмиллали 11 км ва то роҳи оҳан 9 км мебошад. Аз ҳудуди ҷамоати деҳот роҳҳои мошингарде мегузаранд, ки ахамияти байналмиллали доранд. Онхо Ҷамоатро аз тарафи ҷануб ба ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон алоқаманд мекунад (шоҳроҳи Хуҷанд - Конибодом).
Ҳудуди Ҷамоати деҳотро 3 деҳа (Хистеварз, Сотсиализм ва Мирзобаҳодур) ботеъдоди 22 маҳалла ташкил менамоянд.
Шарҳи таърихию фарҳангии ҷамоати деҳот
Бостоншиносон дар рафти корҳои ҷустуҷӯйҳои худ аз Хистеварз ёдгориҳои моддие дарёфт намудаанд, ки онҳо ба асрҳои пеш аз исломӣ ва аз рӯи бозёфтҳои дигар ба асрҳои V-VI мелодӣ тааллуқ доранд. Ё худ дар сарчашмаи таърихии асари номаълуми «Ҳудуд–ул-олам» (муталиқ ба асри Ҷ) омадааст, Хистеварз аз деҳаҳоест, ки начандон дур аз Хуҷанду сари Шоҳроҳи бузурги Абрешим қарор гирифтааст. Маълумотҳои бозёфтаи бостоншиносон далолат ба он аст, ки ҳанӯз дар аввалҳои солшумории мелодӣ дар атрофи Хистеварз деҳаи калоне мавҷуд будааст.
Воқеъан ҳам оид ба вуҷуд омадани исми ин деҳа ва маҳаллаҳои он ҳикояту ривоятҳои бисёранд ва номи Қистақӯзро ба деҳа дар садаҳои охир додаанд. Номи аслии қадимааш тавре, ки дар сарчашмаҳои зиёд сабт шудааст Хистеварз мебошад. Соли 1924 дар Осиёи Миёна мувофиқи тақсимоти миллии-ҳудудӣ деҳаи Хистеварз ба ҳайати округи Хуҷанди вилояти Самарқанди РСС Ӯзбекистон дохил мешуд. Аз рӯи тақсимоти нави маъмурӣ соли 1926 волости Хистеварз барҳам дода ва он ба Совети қишлоқ табдил дода шуд. То соли 1929, яъне то ба Тоҷикистон ҳамроҳ шудани округи Хуҷанд қишлоқи Хистеварз низ дар ҳайати Ӯзбекистон буд. Соли 1929 Совети қишлоқи Қистакӯз ташкил карда шуд.
Баъдтар бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Точикистон аз 14 майи соли 1941 дар вилояти Ленинобод ноҳияи Қистакӯз ташкил карда шуд, ки марказаш деҳаи Қистакӯз буд. Мувофиқи қисми дуюми ин Указ деҳаи Қистакӯз минбаъд Чкалов номида шуд ва ноҳияи Қистакӯз низ Чкалов ном гирифт (тайи солҳои 1941 то 1957). 19 сентябри соли 1950 бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ноҳияи Чкалов барҳам дода шуда, қаламрави он ба ноҳияи Ленинобод шомил карда шуд.
18 апрели соли 1957 Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон дархости Кумитаи иҷрорияи Совети депутатҳои меҳнаткашони вилояти Ленинободро ба назар гирифта, бо фармони худ Совети қишлоқи Чкаловро бо номи пештараи он Совети қишлоқи Қистакӯз номгузорӣ намуд. Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2012 бо қарори № 305 Қистақӯз ба Хистеварз табдил дода шудааст.
Шароити таббиӣ, иқлимӣ ва захираҳо
Иқлими Ҷамоати деҳот субтропикии хушк буда, сатҳи боришоти солона зиёда аз 300 мм-ро ташкил медиҳад. Ҳарорати миёнаи фаслҳои гармо аз ӯ35 то ӯ40 С0 ва дар зимистон -15 - 20 С0 мешавад. Шароити хуби табиӣ-иқлимӣ имконият медиҳад, ки тамоми сол корҳои кишоварзӣ дар ҳавои озод гузаронида шавад. Дар ҳудуди Ҷамоат асосан хоки хокистаранги тира, шағалхок, зардхок, ки дар таркиби он оҳак, гипс ва намак зиёд аст, мавчуд мебошад. Дар нишебиҳо ва соҳили дарёҳо инчунин хокҳои серсанг ва рег вомехӯранд.
Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Хистеварз қисман обанбори Қайроқум воқеъ гардидааст. Обанбори мазкур дар натиҷаи сохтмони манбаи барқии оби ба вуҷуд омада буда, дарозиаш беш аз 75 км буда, масохаташ беш 4 миллион метрии мурабаъ мебошад, ҳаҷми умумии обанбор 4160млн м3 ва ҳаҷми фоиданокаш 2600 млн м3 мебошад.
1.4. Вазъи демографии ҷамоат
Ба ҳолати 1 январи соли 2015 аҳолии Ҷамоати деҳоти Хистеварз 56497 нафарро ё 16,1 % аҳолии умумии ноҳияро ташкил медиҳад, аз ҷумла: мардон 28047 нафар (49,6 %) ва занон 28450 нафар (50,4%) буда, суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолӣ 2,4 фоизро ташкил медиҳад. Зичии аҳолӣ 132 нафарро дар 1км2 ташкил медиҳад.
Ҷамоати деҳоти Хистеварз яке аз минтақаҳои аграрии ноҳия ба шумор меравад.
Кишоварзӣ яке аз соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёт мебошад ва он дар ҳаёти иқтисодии ҷамоати деҳот нақши аввалиндараҷаро мебозад. Дар соҳаи кишоварзи қисми асосии аҳолии қобили меҳнат фаъолият мекунанд, соҳаҳои асосии кишоварзии ҷамоат растанипарвари, чорводори ва боғдори мебошад.
Масоҳати умумии заминҳо якҷоя бо заминҳои дар ноҳияи Мастчоҳ буда 19124 гектарро ташкил менамояд, ки аз ин 4456,3 га заминҳои корам мебошад.
Заминҳо асосан тавассути каналҳои Фарғона, Фарғонаи калон, обёрикунандаи Оҳак ва ҷоҳҳои амудӣ обёрӣ мешаванд, ки ба 63 хоҷагии деҳқонӣ ва кооперативҳои истеҳсолӣ тақсим шудааст. Шумораи умумии хоҷагиҳои хонагӣ дар ҷамоат 9400 ададро ташкил дода, аз ин 4800 нафар саҳмдор аст.
Солҳои пеш соҳаи саноат дар ҷамоати деҳоти Хистеварз яке аз сохахои инкишоф ёфта ба ҳисоб мерафт, зеро ки ҳам аз ҷиҳати ҳудудию марзӣ, ҳам аз ҷиҳати зичии аҳолӣ ва ҳам аз ҷиҳати дороияти кадрҳо ҷамоат яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳия ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз дар ҳудуди чамоат 11 корхона саноати (аз ҷумла, 5 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, 1 корхонаи саноати сабук, 4 корхонаи саноати хӯрокворӣ, 1 корхонаи орд) фаъолият мебурд. Аммо индам бошад коргоҳҳои саноатии деҳот қариб пурра аз фаъолият бозмондаанд. Мақсади асоси Ҷамоати деҳои дар панҷсолаи навбавти зина ба зина таъмин намудани рушди ин соҳа мебошад.
Дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз соҳибкории хурду миёна бахусус истеҳсолӣ хуб инкишоф ёфта бошад ҳам, вале то ҳол омилҳое мавҷуданд, ки ба рушди он таъсири манфӣ мерасонанд. Чунончӣ маҳдудияти нерӯи барқ, набудани имтиёзҳои лозимӣ, маҳкам будани сарҳади Ӯзбекистон, норасоихои инфрасохтории бозори наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, сари вақт дастрас нашудани ашёи хом ва ғайраҳо. Дар ҳолати аз байн бурдани ин омилҳо соҳибкорӣ рушд ёфта, ба сатҳи камбизоатӣ ва бекорӣ мусоидат хоҳад намуд.
Инҷунин дар ҳудуди ҷамоат 5 корхонаи нақлётӣ, 4 корхонаи хизматрасонии аҳолӣ, 30 нуқтаи хӯроки умум, 86 нуқтаи савдо, 10 мактаби миёна, 2 муассисаи томактабии давлатӣ (4 муассисаи томактабии хусусӣ), 2 китобхона, 1 беморхона, 2 нуқтаи тиббӣ, 6 маркази саломатӣ, 7 муассисаи варзишӣ, 1 толори варзишӣ, 6 майдони баскетбол, 5 майдони волейбол, 1 интернати махсус барои бачагони шунавоиашон суст ва кар ва 1 мактаби варзишӣ фаъолият дорад.
Ҳамчунин дар маркази Ҷамоат бозори фурӯши молҳои саноатӣ ва хурокворӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, бозори фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ва чандин маркази савдо мавҷуд аст. Сохтмони биноҳои замонавии баландошёна дар ҳудуди Ҷамоат вуҷуд надорад.
Дар худуди Ҷамоати деҳот баҳри дастгири соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии Эсхата, Тоҷиксодиротбонк, Агроинвестбонк, Амонатбонк, Арванд, Ҷовид ташкилотҳои байналхалқии Салиби сурх, “Ҷовид”, ЮСАИД, Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид , Маркази дастгирии Ҷамоат ва ғайраҳо фаъолият мебаранд.
Маълумоти муфассал оиди Ҷамоати деҳоти Хистеварз дар ҷадвали поён оварда шудааст:
Маълумотнома оид ба ҳудудҳои маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Хистеварз
№ |
Номи ҳудудҳои маъмурӣ (маҳаллаҳо) |
Масофа то маркази ҷамоат (км ) |
Масофа то стансияи роҳи оҳан (км) |
Шумораи оила |
Шумораи аҳолӣ |
Мактаби миёна |
Масчид |
Мағоза-ошхона-ч |
Қулуб |
Муас. то мактабӣ |
Китобхона |
Беморхона |
Маркази саломатӣ |
Осиёби барқӣ |
Ҷувози барқӣ |
|
Ҷомеъ |
Панҷвақта |
|||||||||||||||
1. |
Баҳористон |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
I. |
|
|
|
2. |
Бахт-1 |
|
|
|
|
|
|
II. |
|
|
|
|
|
|
|
|
3 |
Бахт-2 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
4. |
Дӯстӣ |
|
|
|
|
|
|
III. |
|
|
|
|
|
|
|
|
5 |
Чавғали боло-1 |
|
|
|
|
|
IV. |
V. |
|
|
|
|
|
|
|
|
6. |
Чавғали поён-2 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
7. |
Фурунзе |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
8 |
Ҷуйи муғули Тоҷикистон |
|
|
|
|
|
|
VI. |
|
|
|
|
|
|
|
|
9. |
Ҷуйи муғули Тоҷикистон-2 |
|
|
|
|
|
|
VII. |
|
|
|
|
|
|
|
|
10. |
Қентирик-1 |
|
|
|
|
|
VIII. |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
11. |
Қентирик-2 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
12. |
Осиё-1 |
|
|
|
|
|
|
IX. |
|
|
|
|
|
|
|
|
13. |
Осиё-2 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
14. |
Чуйи муғули Д. Азизов-1 |
|
|
|
|
|
X. |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
15. |
Чуйи муғули Д. Азизов-2 |
|
|
|
|
|
|
XI. |
|
|
|
|
|
|
|
|
16. |
Ҷақар |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
17. |
Ҳавзаки боло |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
18. |
Ҳавзаки поён-1 |
|
|
|
|
|
|
XII. |
|
|
|
|
|
|
|
|
19 |
Ҳавзаки поён-2 |
|
|
|
|
|
XIII. |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
20 |
Чинор |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
21 |
Арбоб |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
22 |
Чкалов |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
XIV. |
Ҳамаги |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|