Дадобой Холматов
Ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов таърихи начандон тӯлони дорад. Заминаи таъсиси ҷамоат муҳоҷирони тарафи чаппи дарёи Сир, аҳолии деҳаҳои Рӯмон, Кулангир ва Унҷӣ (ҳозира Ҷамоатҳои Ҳ.Усмонов ва Ҷамоати Унҷӣ) охирҳои асри 19-и мелодӣ ба шумор меравад.
Мардуми деҳқон барои кушодани заминҳои нави корам ба ин минтақа муҳоҷират намуда қитъаҳои заминҳои киштбобро азхуд намуда, кишти зироатҳои гуногун, аз ҷумлаи пахта, шолӣ, полезиҳо ва сабзавот кишт менамуданд. Бо гузашти мурури вақт доираи заминҳои корам васеъ гашт ва баъди инқилоби Октябр ва дар давраи ташкили хоҷагиҳои коллективӣ ин заминҳо ба ихтиёри колхози Молотов ва баъдан ба ихтиёри колхози Москва гузашт. Бинобар васеъ гаштани заминҳои корам аз ҳисоби заминҳои дашти Сомғор, ки боғҳои мевагию ангур ташкил гаштанд, соли 1957 ин минтақа баъди якҷоя намудани хоҷагиҳои хурд ба ихтиёри колхози ӯрунхӯҷаев гузаронида шуд ва баъди як сол бинобар таъсиси Ҷамоати Д.Холматов (собиқ Шӯрои қишлоқи «Пахтакор ») совхози боғу токпарварии «Сомғор» таъсис дода шуда, ба таъкурсиҳои аввалин хонаҳои истиқоматии деҳаҳои Сумчаки нав ва Куйбишев (Заркорон) заминагузорӣ карда шуданд, аҳоли аз ноҳияи Шаҳристон ва деҳаҳои атроф ,Сомғор, Унҷи, Рӯмон ва Кулангир муҳоҷирони меҳнатӣ барои зисту фаъолият кӯчида омаданд. Дар ташкил ва рушди ин минтақа яке аз асосгузорон - Дадобой Холматов, деҳқони асил ва сониян яке аз фаъолони ҳаракати колхозии дар таърихи ҷумҳурӣ номдор, саҳми бузургеро гузоштааст ва соли 2001 собиқ Шӯрои қишлоқи «Пахтакор» ба номи ин марди бузург номгузорӣ карда шуд.
Шароити захираҳои табиӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ
Ҷамоати деҳоти Д.Холматов дар ҳамвориҳои соҳили рости дарёи Сир ҷойгир шуда, иқлимаш хушк мебошад (ҳарорати миёна дар фасли тобистон аз 25 ◦ то 40◦ ва фасли зиминстон то -20◦). Миқдори миёнаи боришот ба ҳисоби миёна 150-300 мм - ро ташкил менамояд.
Замини ҳосилхез ва мавҷуд будани захираҳои обии дарёи Сир барои кишоварзӣ ва махсусан парвариши ғаладона, пахта, пила, сабсазовткорӣ, боғу токзор ва чорводорӣ мувофиқ мебошад.
Ҳудуди чамоат аз захираҳои канданиҳои фоиданоки маъмули умум (санг, хок, шағал, рег) бой мебошад.
Вазъияти демографии Ҷамоат
Аҳолии чамоат мувофиқи маълумотҳои оморӣ ба санаи 01.01.2015 сол 12994 нафарро ташкил намудааст. Суръати солонаи афзоиши аҳолии чамоат дар соли 2015 нисбати соли 2014 0.816 хазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ҷамъбасти соли 2014 шумораи мардон 6458 нафар ва занҳо 6536 нафарро ташкил медиҳад. Зичии аҳолии ҷамоат 448 нафар аҳолӣ ба 1 км2 ро ташкил менамояд.
Дар Ҷамоат 2400 хоҷагӣ мавҷуд буда, ба 3 деҳаи калон ва 6 дехачаи хурд тақсим карда шудааст.
Асоси иқтисодиёти Ҷамоатро соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад, ки дар он 80%-и аҳолӣ машғул аст. Хоҷагиҳо ва аҳолии ҷамоат асосан бо истеҳсоли сабзавот, ғалладона, меваҷот ва ангур машғул мебошанд (асосан аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ)
Ҷамоати Д. Холматов маркази пешрафтаи соҳаи боғу токпарварӣ, саноати тараққикарда ва маркази пешқадами соҳаи соҳибкории хуруду миёна мебошад, ки ин ба беҳтар шудани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ таъсири худро гузоштааст. Аҳолии ҷамоат аз инфрасохтори мусоиди иҷтимоӣ, вазъи хуби муҳити зист баҳраманд буда хушбахту осудаҳолона умр ба сар мебаранд.
Дурнамои мазкур аз руи таҳлили тарафҳои манфию мусбии рушт ва имконияту хавф коркард шудааст.