Чашмасор

Сохтори маъмуриву ҳудудии ҷамоат

Ҷамоати деҳоти Чашмасор дар ҳайъати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, дар қисми шарқии ноҳия ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии ҷамоат 15777 га - ро ташкил медиҳад.

Ба ҳайати маъмурии Ҷамоати деҳоти Чашмасор деҳаҳои Мирзорабод. Хуҷаабод, Деҳқонобод. Даштобод. Дараи боло. Шаббода. Некроҳ. дохил мешаванд. Дар Ҷамоат 1841 хоҷагӣ мавҷуд буда, 36 кумитаи маҳаллаҳо фаъолият мебаранд.

Тафсири таърихию маданй

Маълум аст, ки ҳар маҳалли зисти одамон ба худ хос таърих, урфу одатҳои ба худ хосро дорост. Деҳаи Чашмасор низ дорои таърихи қадима мебошад. Чашмасор (Уткансой) яке аз ҷамоатҳои дурдасти ноҳия ба шумор меравад. Маркази он деҳаи Мирзоробод буда, аз маркази ноҳия дар дурии 40 км ҷойгир шудааст. Шӯрои қишлоқ соли 1958 таъсис ёфтааст, ки он вақт ба ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ ворид мешуд. Аҳолии ҷамоатро асосан ӯзбекон ташкил медиҳанд. ҳоло теъдоди онҳо 11085 нафар мебошанд. Моҳи октябри соли 1974 Чашмасор ҳамчун деҳшӯро ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида мешавад. Деҳаҳои ҷамоат, ки 34 адад аст, ки аз маркази ҷамоат дар дурии 52 км воқеъ гардидаанд. Аз сабаби он, ки аҳолии Ҷамоат ӯзбеконанд, номи деҳаҳо бо забони ӯзбекӣ номгузорӣ карда шудааст: Аҷрбулоқ, Ойнабулоқ, Барс, Гумбулоқ, Ҷононсой, Ҷингилиқ, Камарқӯтан, Каттаолучалӣ, Қичиқолучалӣ, Хӯшмулло, Қилиққудуқ, Қизилбулоқ, Қургизбулоқ, Куҳқашқор, Қатарбулоқ, Каттаайлй, Кичикайлй, Қулуқсой, Машраф, Мирзаробод, Оқур - чераклӣ, Тӯбчоқ, Уткансой, Ҳамрообод, Мирзобулоқ, Шӯралӣ, Яккатут ва ғайра. ҳамчунин аз сабаби он, ки минтақаҳои аҳолинишини ҷамоат дар доманакӯҳҳо ҷойгир шудаанд ва аз оби чашмаҳо истифода мебаранд, номи деҳаҳо бо калимаҳои ӯзбекии «булоқ» номгузорӣ карда шудаанд. Калимаи «булоқ» ба забони тоҷикӣ маънои «чашма»-ро дошта, номи деҳаҳо маънои Чашмаи сурх, Чашмаи софро дорад. Бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии . Тоҷикистон таҳти №305 аз санаи 29.03.2013 номи деҳаи Уткансой ба номи зебои тоҷикии Чашмасор иваз карда шуд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҷиҳати густариши равандҳои худшиносии миллии қадимияти марзу бум номи деҳаҳо бо забони давлатӣ номгузорӣ карда шуда, дар асоси дархосту пешниҳодоти мардуми маҳал номи ҳамаи деҳаҳо иваз карда шудаанд. Имрӯз дар ҳудуди ҷамоат 13 мактаб, беморхона дорои 25 кат ба мардуми ҷамоат хизмат мерасонанд. Дар қаламрави ҷамоат клуб ва нуқтаҳои савдо мавҷуд мебошанд. Мардуми деҳаҳои ҷамоат асосан ба чорводорӣ, ғаллакорӣ ва қисман ба боғдорӣ шугл меварзанд.

1.3. Шароити  захираҳои табиӣ ва мавқеъи ҷуғрофӣ

Манзараи даштӣ, иқлими хушк (ҳарорати миёна дар фасли тобистон аз 25° то 32° ва дар фасли, зимистон то -20°)-ро ташкил медиҳад. Замини ҳосилхез тамоюли соҳаи хоҷагии қишлоқро бо равияи пахтакорӣ, ғалладонӣ, меваю сабзавот, муайян мекунад. Аз сабаби паст будани миқдори миёнаи бориш (то 150-300 мм) ба талаботи обёрии (ирригатсия) шиддатнок эҳтиёҷот дорад.

Ҷадвали 1. Аҳоли ва хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Чашмасор

 Деҳаҳо

  1. Намуна Кӯҳсор - 1
  2. Дар.аи боло
  3. Деҳқонобод
  4. Хоҷаобод Даштобод
  5. Шаббода
  6. ҳулбазор
  7. Чашмаи Зулол
  8. Сечашма
  9. Мевагул
  10. Мирзаробод
  11. Некроҳ
  12. Сурхчашма
  13. Сардоб
  14. Дашти Калон
  15. Ок - кур
  16. Ссшаб
  17. Сафедорак
  18. Камаркутон
  19. Қашқа
  20. Барфоб
  21. Сарчашма
  22. Тол
  23. Испандзор
  24. Насимобод
  25. Зартеппа

26        Толбулак

27        Катта - олгаш ҳамагӣ:

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.