Зарзамин
Сохти маъмурии – ҳудудии Ҷамоат
Ҷамоати Зарзамин дар қисми шарқи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, вокеъ мебошад. 9 маҳаллаҳо (Поселкаи нав, Гулистон, Ҷамбул, Навруз, Навбаҳор, Тоҷикистон, Ҷавғал, Поён, Тоштеппа ) иборат буда, масоҳати умумиаш – 11322га. ташкил медихад. Чамоат бо Ҷамоатҳои Хистеварз, Исфисор, шаҳраки Ғафуров ва шаҳри Қайроққум ҳамсарҳад мебошад.
Чадвали №1. Шумораи аҳолӣ, хоҷагиҳо ва маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Зарзамин
Маҳалла |
|
|
Ҷамбул |
|
|
Поселкаи нав |
|
|
Тоштеппа |
|
|
Поён |
|
|
Навбаҳор |
|
|
Ҷавғал |
|
|
Гулистон |
|
|
Тоҷикистон |
|
|
Наврӯз |
|
|
Дусти |
|
|
Меҳнатобод |
|
|
Ҳаммаги |
|
|
Тавсифи таърихию фарҳангӣ.
Ҷамоати деҳоти Зарзамин таърихи начандон тӯлони дорад. Заминаи таъсиси ҷамоат муҳоҷирони тарафи чаппи дарёи Сир мебошанд. Аҳолии деҳаи Хистеварз ва шаҳри Қайроққум охирҳои асри XIX-и мелодӣ ба шумор меравад. Мардуми деҳқон барои кушодани заминҳои нави корам ба ин минтақа муҳоҷират намуда, қитъаҳои заминҳои киштбобро азхуд намуда кишти зироатҳои гуногун, аз ҷумлаи пахта, шолӣ, полезиҳо ва сабзавот кишт менамуданд. Бо гузашти мурури вақт доираи заминҳои корам васеъ гашт ва баъди инқилоби Октябр ва дар давраи ташкили хоҷагиҳои коллективӣ ин заминҳо ба ихтиёри колхози Ленин ва баъдан ба ихтиёри колхози Коммунизм гузашт.
Бинобар васеъ гаштани заминҳои корам аз ҳисоби заминҳои дашти массивии Сомғор, ки боғҳои мевагию ангур ташкил гаштанд, соли 1988 баъди якҷоя намудани хоҷагиҳои хурд ба ихтиёри колхози О Убайдуллоев гузаронида шуд. Баъдан Ҷамоати Зарзамин (собиқ қишлоқи «Қатаған») таъсис дода шуд.
1.3. Шароити захираҳои табии ва мавқеи ҷуғрофӣ
Ҷамоати деҳоти Зарзамин дар ҳамвориҳои соҳили рости дарёи Сир ҷойгир шуда, иқлимаш хушк мебошад (ҳарорати миёна дар фасли тобистон аз 25◦ то 40◦ ва фасли зиминстон то -20◦). Миқдори миёнаи боришот ба ҳисоби миёна 150-300 мм ро ташкил менамояд.
Замини ҳосилхез ва мавҷуд будани захираҳои обии дарёи Сир барои кишоварзӣ ва махсусан парвариши ғаладона, пахта, пила, сабсазовткорӣ, шолй, боғу токзор ва чорводорӣ мувофиқ меҳошад.
Ҳудуди чамоат аз захираҳои канданиҳои фоиданоки маъмули умум (санг, хок, шағал, рег) бой мебошад.
Дурнамои Ҷамоати Зарзамин
«Ҷамоати Зарзамин маркази пешрафтаи соҳаи деҳқони тараққикарда ва маркази пешқадами соҳаи соҳибкории хуруду миёна мебошад, ки ин ба беҳтар шудани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ таъсири худро гузоштааст. Аҳолии ҷамоат аз инфрасохтори мусоиди иҷтимоӣ, вазъи хуби муҳити зист баҳраманд буда хушбахту осудаҳолона умр ба сар мебаранд.